Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

хусуси мавзӯе чуқур андеша ронад. Як пардаи тирае ақли варо печонида буду имкони парвози андеша намедод. Солҳои 1690-1693 басо рӯҳшикаста буд. Боз дар ривояте омадааст, ки Нютон пас аз сӯхтори хонааш, ки дар ин ҳодиса дастнависҳояш оид ба оптикаю механика ба коми оташ рафтанд, ба бемории рӯҳӣ гирифтор гашт.

Нютон он солҳо олими оламшумул бошад ҳам, зиндагии миёнаҳолонае дошт. Маблағҳояшро ба тадқиқоти илмӣ сарф мекард. «Тангдастӣ, — навиштааст таърихдон В. И. Григорев, — бешубҳа, яке аз сабабҳои бемории рӯҳии Нютон буд. Аз ин рӯ вай мехост ба вазифаи нозири сикқахона таъин шавад ва ҳам профессори донишгоҳ бимонад. Ӯ нозир шуд ва ба иҷрои вазифа аз таҳти дил камар баст ва соли 1699 директор таъин гашт. Пас аз ин вай соли 1703 ба Лондон кӯч баст. Охири ҳамон сол президенти Ҷамъияти подшоҳии Лондон интихоб шуд. Шуҳраташ ба авҷи аъло расид. Аммо чун пештара танҳо буд, новобаста аз хонаи боҳашамату шаш хизматгузор. Дар зиндагӣ Нютон шахси хеле фурӯтану хоксоре буд. «Ман барои он дар қуллаи илм истодаам, ки гузаштагонамон чунин имконият фароҳам овардаанд», — гуфта буд ӯ.

Аз соли 1725 Нютон аз хизмат даст кашид. 20 марти соли 1726 ором ин дунёи фониро падруд гуфт. Рӯзи вафоташ мотами миллӣ эълон гашт. Турбаташро дар дайри Вестминстер, дар шафати қабрҳои шахсиятҳои машҳури Инглистон ба хок супурданд.

пешина
аз 424
навбатӣ