100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
ба баҳри андеша фурӯ мерафт. Ва андешаҳои ӯ самари шигифтангез ба бор оварданд. Вай қонуни ҷозибаи ҷаҳониро кашф кард. Рӯзе аз рӯзҳои тобистон Нютон зери дарахти себ нишаста аз ҳавои серуни боғ лаззат бурда, ғарқи хаёл буд, ки ногоҳ себи пухтае аз шох ба замин афтода, риштаи андешаҳояшро барканд. Дар ривояте омада, ки себ ба фарқи сари олим бармехӯрад ва боиси кашфи қонуни ҷозибии ҷаҳонӣ мегардад. Ин дарахтро, ки баъди чанд вақт шуҳратёр гашт, солҳои зиёд барои ояндагон нигоҳ доштанд. Чун хушк шуд, аз он хараке сохта дар боғ гузоштанд.
Дар воқеъ кайҳо боз Нютон оид ба сабабҳои афтодани ҷисмҳо андеша меронд ва эҳтимол канда шуда ба сараш бархӯрдани себ якбора фикри ӯро рӯшан карда бошад. Аммо чанд сол баъдтар Нютон навишта буд, ки формулаи математикии қонуни ҷозибаи ҷаҳонро вай баъди омӯхтани қонунҳои оламшумули Кеплер эҷод намудааст.
Соли 1669 Нютон профессори донишгоҳ буду сарварии кафедраи математикаро ба дӯш дошт. Барои донишомӯзон лексия мехонд ва ҳам бо корҳои илмӣ шуғл меварзид. Соли 1670 телескопи мувофиқтаре сохт барои мушоҳидаи ситораҳову сайёраҳо. Ҳамон сол ба узвияти Ҷамъияти подшоҳии Лондон пазируфта шуд. Соли 1673 оид ба парокандашавии шуоъ бо номи «Назарияи нави рӯшноӣ ва ранг» рисолаи илмие навишт, ки дар ин соҳа инқилоби илмиро ба вуҷуд овард. Минбаъд асарҳояш «Оптика» ва «Асосҳои математикии философии натуралӣ» ба нашр расиданд. Вай нуқтаи назари олимони барҷаста Галилео Галилей, Иоганн Кеплер ва дигаронро тақвият бахшида, боз се қонуни ҳаракатро кашф намуда, дар илм ғулғула барандохт.
Соли 1688 Нютон узви порлумон интихоб шуд. Баъди як сол ба сараш бадбахтӣ омад. Модараш аз бемории домана фавтид. Марги модар ба тафаккури олими барҷаста мисли зарбаи мудҳиши путк таъсири манфӣ гузошт. Дигар ӯ наметавонист дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё