Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Исаак Нютон 24 декабри соли 1642 дар деҳаи Вулсторпи Линколншир чашм ба дунёи рӯшан кушод. Оилаи Нютонҳо аз ҷумлаи фермерҳои миёнаҳол ба ҳисоб мерафт. Падараш то таваллуди ӯ аз ҷаҳони фонӣ рахти сафар баста буд. Модари Нютон аз вафоти шавҳар бисёр ғусса хӯрду пеш аз мӯҳлат Исаакро ба дунё овард, ки бисёр ҳам майдаҳаку лоғараку бемадор буд. Гумон доштанд, ки тифл оянда надорад. Аммо ӯ на танҳо зинда монд, балки то пирӣ зист ва дар тӯли умри бардавоми худ танҳо як маротиба ҷиддӣ бемор шуду халос. Вай аз ҳамсолонаш бо ҷисми солим фарқ мекард.

Се соли аввал Исаак аз домани модар дур нарафт. Баъди он ки модар бори дуюм ба рӯҳонӣ Смит ба шавҳар баромад, тарбияи кӯдакро модаркалон ба зимма гирифт. Исаак аз хурдӣ ба бозичасозӣ ва сураткашӣ завқ дошт, дар танҳоӣ, дуртар аз ҳамсолон бодпарак, осиёби бодӣ, соатҳои обӣ ва аробачаҳои педалдор месохт.

Вақте ки Исаак калонтар шуд, ба мактаби ибтидоӣ ба хондан рафт. Пас аз 12-солагӣ таҳсилро дар мактаби Грантем идома бахшид. Исаак махсусан ба омӯзиши фанни математика завқи беандоза дошт. 5 июни соли 1660 Нютон донишҷӯи донишгоҳи Кембриҷ шуд. Аз матнҳои сабтгаштаи ҳуҷҷатҳои соли 1661-и донишгоҳ маълум мешавад, ки ӯ аввалҳо «субсайзер» будааст. Он солҳо донишҷӯёни қашшоқро, ки музди таҳсилро пардохта наметавонистанд ва ҳам хизмати донишҷӯёни сарватмандро иҷро мекарданд, «субсайзер» меномиданд. Нютон танҳо соли 1664 донишҷӯи ҳақиқӣ шуд ва соли 1665 унвони бакалаври саноеи нафисаро мушарраф гашт. Вале нахустин таҷрибаҳои илмиаш ба таҳқиқи рӯшноӣ алоқаманд буданд.

Соли 1666 дар Кембриҷ беморие сар зад ва онро вабо пиндошта бисёриҳо аз шаҳр фирор карданд. Нютон ҳам ба Вулсторпи дилписандаш баргашт ва кунҷи узлат ихтиёр намуд. Гоҳо дар боғи хилват танҳо қадам мезад, бе китоб, бе асбобҳои таҷрибавӣ буду ин ҷавони 24-сола соатҳо чун файласуфи солхӯрда

пешина
аз 424
навбатӣ