Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дмитрий Иванович
Менделеев

(Солҳои зиндагиаш
1834-1907)

Дар таърихи рушди илм бисёр ихтирооти бузург маъруланд. Вале на ҳамаи онҳоро дар як саф бо ихтирои Менделеев, кимиёдони барҷастаи рус, гузоштан мумкин аст. Ҳарчанд аз кашфи қонуни даврии ӯ солҳои зиёд сипарӣ гаштаанд, ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки кай маънои «ҷадвали машҳури Менделеев» то ҳадди охир «ҳазм» мешавад.

Менделеев маълумоти парокандаро оид ба изоморфизм (қобилияти ҷудошавии моддаҳо аз маҳлул ба шакли кристали таркибаш омехта) ба як системаи муайян дароварда, ба пешрафти геохимия такон бахшид. Вай ҳарорати мутлақи ҷӯши моеъҳарорати буҳрониро кашф кард, ки болотар аз он дигар мавод дар ҳолати моеъ буда наметавонист. Назарияи гидрати ҳалкунандаҳоро таҳқиқ намуд, аз ин рӯ, ҳамчун физик-кимиёдони асил шинохта шуд. Дар бораи нафту газ, ҳавонавардӣ, метеорология, технологияи кимиёвӣ, иқтисодиёт, маорифи халқ асарҳои зиёде офаридааст. Менделеев узви бештар аз 70 академия ва ҷамъиятҳои илмии мамлакатҳои гуногун интихоб шудааст, ки ин далели олими ҳамадон ва хеле маъруф будани ӯст.

«Дар тааҷҷубам, ки чӣ корҳоеро дар ҳаёти илмии худ анҷом надодаам,- навишта буд Менделееви куҳансол.- Ва, ба гумонам, корҳои иҷрошуда бад нестанд».

Дмитрий Менделеев 8 феврали соли 1834 дар Тоболск
чашм ба дунёи ҳастӣ кушод. Вай дар оилаи директори гимназия

пешина
аз 424
навбатӣ