Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Таърихнигорон зикр намудаанд, ки Наполеон аз хурдӣ одамгурез ва хилватгузин буд, вале ҳеҷ гоҳ намегузошт, ки ба ҳолаш касе хандад. Ҳатто аз ӯ метарсиданд, ҳол он ки вай хурдҷусса буду нерӯи зиёди ҷисмонӣ ҳам надошт. Омӯзгоронро низ маҷбур месохт, ки нуқтаи назарашро ба эътибор гиранд. Дар 11-солагиаш дар посухи дӯғу пӯписаи муаллим: «Э, худи шумо кистед?» Наполеон шаъну эътибори худро нигоҳ дошта гуфт: «Ман Одам».

Соли 1784 ӯро ба мактаби ҳарбии Париж мегузаронанд. Пас аз як сол онро бомуваффақият хатм менамояд. Унвони ҳарбии подпоручикро соҳиб мешавад ва барои идомаи хизмат ба полки артиллерии Баланс, ки дар наздикии Лион мавқеъ дошт, роҳхат мегирад.

Бе робита, бе маблағ зиндагии хоксоронае дошт. Баъди чанде падараш аз олам гузашт ва парастории аҳли оила ба дӯши ӯ афтод.

Инқилоби бузурги соли 1789-и Францияро бо рӯҳбаландии беандоза қабул намуд ва ҷонибдори «баробарӣ ва озодӣ» гашт. Пас аз ду моҳи инқилоб ба Корсика омад, то ки диёрасро бо Францияи инқилобӣ бипайвандад. Як ҷо бо бародаронаш аз номи халқ ба Маҷлиси миллӣ муроҷиат намуд, ки барои бо Франция якҷоя шудани Корсика қарор ба тасвиб расонанд. Акнун вай на озодии ҷазираро мехост, балки якҷояшавии ватанашро бо Францияи инқилобӣ талаб менамуд.

Пас аз бозгашт ба Баланс ба клуби якобинҳо шомил гашт. Тирамоҳи соли 1791 боз ба Корсика омад. Дар асоси хабари расондаи Люсен, додари Наполеон, пешвои миллатгароён Паоли ҳамчун хоини ватан гунаҳгор дониста шуда, ҳабс гардид. Ғазаби миллатгароён ба сари авлоди Бонапартҳо рехт. Ба бародарон лаънат мехонданд ва ҳам таъқиби онҳо оғоз ёфт. Корсикаи ба ошӯб печидаро Паоли ба англисҳо супурд.

Дар зери пардаи шаб Наполеон аз Аяччо сӯи Бастиа роҳ гирифт. Бо пайраҳаҳои кӯҳӣ қадам мезад, дар ҷангалзор паноҳ

пешина
аз 424
навбатӣ