Зеҳн
Ишқи аввал

Китоби мазкур нахустмаҷмуаи шеърҳои шоираи ҷавон Зебои Хатлонӣ мебошад. Дар он эҳсосу андешаҳои лирикии муаллиф бо забони шеър ифода ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 27 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

НИЁИШ

Тоҷикистон, ҳастии ман, бахти ман,
Эй ватан, эй тоҷи ман, эй тахти ман!
Аз дили нарми ниёгон ёдгор
Мондай, эй сарзамини сахти ман.

Кишвари фархундаи ман, эй ватан,
Рафтаву ояндаи ман, эй ватан.
Ормони зиндаи Сомониён,
Давлати поёндаи ман, эй ватан.

Мепарастам марзи яздонии ту,
Меситоям ишқи нуронии ту.
Рӯшноии ту бодо ҷовидон
Дар дили зебои Хатлонии ту!

БЕ ТУ

Оҳ, акнун бе ту ҳар як рӯзи ман
Ҳамчу як соли ҷудоӣ бигзарад.
Зери сар болишти танҳоии хеш
Нимаи шаб бе ту хобам мепарад.

Бе ту ман дигар ба оби дидагон
Тоза мешӯям ҳинои дасти худ.
Бе ту ман чун усма бар абрӯ кашам?
Сурма чун молам ба чашми масти худ?

Ту маро танҳо намон дар зиндагӣ,
Дар суроғи ман биё бори дигар.
Як даме бе ту нахоҳам зистан,
Аз куҷо ёбӣ чу ман ёри дигар?!

пешина
аз 27
навбатӣ