Зеҳн
Ишқи аввал

Китоби мазкур нахустмаҷмуаи шеърҳои шоираи ҷавон Зебои Хатлонӣ мебошад. Дар он эҳсосу андешаҳои лирикии муаллиф бо забони шеър ифода ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 27 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

МАН ЗАН АСТАМ...

Ман зан астам,
Ман зан астам.
Оташам ман, оташи ишқам ниҳон
сӯзони сӯзон,
Оташи даргоҳи бахтам, оташи поки
фурӯзон.

Ман зан астам,
Ман зан астам.
Оташам ман, оташи Зардуштро дорам
нишона,
Гулхани Наврӯзии дунё занад дар ман
забона.

Ман зан астам,
Ман зан астам.
Оташам ман, гоҳ бо як оҳ месӯзам
ҷаҳонро,
Гоҳ бо як шӯълаи чашмонам афрӯзам
ҷаҳонро.

Ман зан астам,
Ман зан астам.
Оташам ман, лек дар дил оташу обам,
худоё!
Аз ғаму шодии дунё дар табу тобам,
худоё!

Ман зан астам,
Ман зан астам.
Оташам ман, лек дар чашми нами худ
обборам,
Ҳамчу модар бори дунёро ба дӯши хеш
дорам!

пешина
аз 27
навбатӣ