Зеҳн
Ишқи аввал

Китоби мазкур нахустмаҷмуаи шеърҳои шоираи ҷавон Зебои Хатлонӣ мебошад. Дар он эҳсосу андешаҳои лирикии муаллиф бо забони шеър ифода ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 27 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ЗИНДАЁД

Ба ёди устоди равоншод Ашӯр Сафар

Шоиро, дар шеъри худ дар рӯзгорон
зиндаӣ,
Чун суруди обшори кӯҳсорон зиндаӣ.
Бо умеди рӯзи фардо зиндагонӣ доштӣ,
Дар умеди мондаи уммедворон зиндаӣ.
Дар рубоиву ғазал афзудай зарбулмасал,
Ҳамчу панду ҳикмати омӯзгорон зиндаӣ.
Гуфтай бо мардуми ҳамқисмати худ рози
дил,
Дар дилу дар дидагони роздорон зиндаӣ.
Ғуссаҳо аз хотири кас бурдай бо қиссаҳо,
Ҳамчу лутфи хеш дар лабҳанди ёрон
зиндаӣ.
Чун парасту бол мезад дар ҳаво
андешаат,
Сӯи кӯҳистон чу пайгоми баҳорон
зиндаӣ.
Бо ватан пайвастаи обу гилу ҷону дилат,
Ҷовидон дар зиндагии ҳамдиёрон
зиндаӣ!

пешина
аз 27
навбатӣ