Ишқи аввал

Китоби мазкур нахустмаҷмуаи шеърҳои шоираи ҷавон Зебои Хатлонӣ мебошад. Дар он эҳсосу андешаҳои лирикии муаллиф бо забони шеър ифода ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 27 саҳифа
ШеърАдабиёт
Аз аввал хонданБО ЁДИ ТУ...
Ман зиндаам бо ёди ту,
Бо ёди рӯи шоди ту.
Аз дур сӯи хештан
Дорад дилам фарёди ту.
Бо ёди ту ман зиндаам,
Бо ёди ту ман зиндаам!
Бо ёди ту ман ҳар саҳар
Аз хона берун меравам.
Ҷӯяд туро чашмони ман,
Ҳар сӯ ҷигархун мешавам.
Бо ёди ту ман зиндаам,
Бо ёди ту ман зиндаам!
Бе ёди ширинат нафас
Талх аст дар ҷону танам.
Бошам агар бе ёди ту,
Ҳастии худ оташ занам.
Бо ёди ту ман зиндаам,
Бо ёди ту ман зиндаам!
Бо меҳр, эй меҳроби дил,
Сӯи ту меорам суҷуд.
Бе ёди ту дар ин ҷаҳон
Дигар надорам ман вуҷуд.
Бо ёди ту ман зиндаам,
Бо ёди ту ман зиндаам!...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё