Гурги ланг ва бузичай доно

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳо, чистонҳо ва шеърҳои бачагона буда, барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст. Он ба рушди тафаккур ва олами маънавии кӯдакон мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 23 саҳифа
НаврасонАфсонаКӯдакон
Аз аввал хонданУқоб
Уқоб, уқоб,
Поён фуро!
Бе печутоб
Чаққон фуро!
Паратро деҳ,
Болатро ҳам,
Он болу пар
Ба бар кунам.
Тӯшаи роҳ
Соз карда ман,
Қаноти худ
Боз карда ман,
Ба дури дур
Назар кунам,
Ба сӯйи Моҳ
Сафар кунам!
Ёрирасони
модар
Субҳи мунаввар ояд,
Офтоб рух намояд.
Дурдонаи ҷонона
Мебарояд аз хона.
Ба барраву бузгола,
Ба мурғу ба гӯсола,
Обу алаф медиҳад,
Дона ба каф медиҳад.
ПАС, то таги дарвоза
Рӯйи ҳавлиро тоза
Рӯбучин менамояд,
Дилнишин менамояд.
Дурдона ҷони модар,
Ёрирасони модар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё