Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
лим кушода боз намояд. Сарфи назар аз он ки мутафаккир усулу тариқаи суфиёнро дуруст мешуморад, вале шакке нест, ки мақсади ӯ аз он иборат аст, ки ҳақиқат танҳо аз роҳи таълими оддӣ ва умумиқабулшуда ба даст наомада, роҳҳои дигаре низ барои он вуҷуд дорад ва роҳи сулуки суфиёнӣ низ истисно шуда наметавонад, зеро инсон бо гӯшанишинӣ оё имкон дорад фақеҳ ва ё риёзидон шавад.
Қобил ба зикр аст, ки ба он натиҷагирии Ғаззолӣ дар хусуси дар хилватгоҳ нишаста, дилро аз ҳама разилатҳо пок сохта, ҳатто аз Қуръон ва ҳадис фориғ омада, худро ба ёди Офаридгор супурдан, натиҷаи фикрие аст, ки вай дар раванди шакку шинохт баъд аз шикасту рехтҳо, омӯзишу таълим, гӯшанишиниву рӯй овардан ба ирфон, ки тамоми паҳлӯҳои ин раванд дар асари тарҷумаҳолии вай «ал-Мункиз мина-з-залол» дарҷ ёфтанд, ба он расидааст.
Саволе ба миён меояд, ки чаро Ғаззолӣ дар «Эҳёу улуми-д-дин» дар паҳлӯи дигар илмҳо аз тасаввуф низ ёд мекунад ва талош меварзад тавассути таҳлилҳову баррасиҳои хеш онро низ ба мисли илми фиқҳ, фалсафа ва калом «тафтиши илмӣ» намояд?
Дар даврони Ғаззолӣ ба мисли уламои аҳли калом ва фиқҳу фалсафа, дар ирфон низ шахсони «олиммаоби» улуми ирфонӣ хеле зиёд гашта, онҳо чашмони мардумонро бо ҳилаҳои худ хира месохтанд. Вай ин «суфинамоён»-и ҳамрӯзгорашро медид, ки онҳо умуман унсе ба Худо надошта, дар хилват зикр намегӯянд ва бо нафси хеш муҷоҳидате намеварзанд. Ин «суфигадоён» аз тасаввуф ба ҷуз аз танбалию қохилӣ, худситоию худнамой, пажмурдагыю гадой ва нодонӣ чизи дигаре насиб набурдаанд. Ба қавли Ғаззолӣ, ин суфимаобон дар хонақоҳҳо ҷой пайдо намуда, суҳанони суфиёни ростинро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё