Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Фоидаи илми калом қабл аз ҳама дар он аст, ки ақидаҳои «бешубҳа»-и зикргардида аз шаклҳои гуногуни баҳсу ҷидолҳо муҳофизат намояд ва оммаро аз роҳзаниву бидъатгузорӣ ҳимоя созад. Зеро ки ба қавли Ғаззолӣ, агар «фосиде бо фосиде даровезад, онро бар замин мезанад». Аз илми калом интизори кашфи ҳақиқат набояд дошт, чунки илми калом кашфи ҳақиқат намекунад ва роҳро ба ғалат боз менамояд.

Ғаззолӣ баъд аз таҳлили ҳамаҷониба ва амиқ ба хулосае меояд, ки зарарҳои илми калом аз манфиаташ зиёдтар мебошад:

Якум. Оташи шакку шубҳаро дар хирмани яқин зада, шиддати шубҳаҳоро зиёд мекунад ва инсонҳоро аз амнияту имони нахустинашон берун мерад;

Дуввум. Бидъатгузоронро дар фикру ақидаҳо ва расму қоидаҳои навашон устувортар сохта, сабаби он мешавад, ки онҳо дар гумроҳии хеш бештар пофишорӣ намоянд ва дар баробари мухолифон ба душмании бештаре бархезанд. Онҳо дар маҳдудаи таассуб ва ҳавопарастии худ ба қасди куфтани хасм ба шаклҳои мухталифи ҳилаву найранг даст мезананд ва бар муноқиша бармехезанд, то мавқеи худро аслӣ ва боло аз ҳама нишон диҳанд. Онҳо дар зоҳир шудани ҳақиқат дурӯягӣ меҷӯянд, то ин ки ҷониби муқобил ҳақ набарояд.

Ин зиёнҳо ҷуз тасодуфан (гоҳ-гоҳ ва хеле кам) илми каломро тарк намегӯянд, аз ин рӯ Ғаззолӣ онро чун захре медонад, ки каму зиёдаш кушанда аст ва бояд бо эҳсону марҳамат ва тадбир ба кор гирифта шавад ва роҳи росту дуруст ин аст, ки дар ҳар шаҳре олими мутакаллим бошад, то аз оммаи мардум шубҳаҳоро аз байн барад ва каломро ҳамчун илми фиқҳ, тафсир ва ҳадис ба донишҷӯён саховатмандона пешниҳод созад ва дарс диҳад. Он олими гуфтаи Ғаззолӣ бояд ба се сифат ороста бошад:

  1. Илмдӯстӣ, илмталабӣ ва озод будан аз ҳар касбу пешаи дигар.

  2. Оқилу тезфаҳм ва бурросухану равшанбаён будан.

  3. Некӯталабӣ, порсоӣ ва зафармандию ғалаба бар шаҳват, то ин ки камтарин шубҳа ба дин надошта бошад ва баҳона барои шаҳватпарастӣ ва бадахлоқию фиску фуҷур ба миён наорад.

пешина
аз 567
навбатӣ