Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
порсо ва покдилу покдоман, ки мардумро аз баҳсҳои каломӣ манъ мекарданд далеле ҷуз ин надоштанд ва Ғаззолӣ далерона таъкид мекунад: «Бидон, ки ҳар касе имони сода ба Худо ва расулу мактаби илоҳиро тарк гӯяд ва дар баҳсҳои каломӣ ғутавар шавад, бо чунон хатаре рӯ ба рӯ аст ва чун киштишикастае аст, ки амвоҷи муталотум ӯро ба бозӣ гирифтаанд. Нодиран мумкин аст ба соҳил афтад, аммо хатари ҳалок барои ӯ басе бештар аз наҷот аст ва ҳар касе ақидаи худро таклидан ё истидлолан аз боҳисон ва мутаккалимон бигирад, ки ба бизоати музоҷоти ақли хеш такя кардаанд, аз ду ҳол хориҷ нест ё ҳанӯз асири шакк аст, ки имонаш вайрон аст, ё ба он адилла ва имон мутмаин аст, ки боз ҳам ғарра ба ақли ноқис ва эмин аз макри Худованд аст. Магар ин ки аз марзҳои ақл берун равад ва ба нури мукошифа, ки дар олами вилоят ва нубувват метобад, бипайвандад. Аммо ин пайвастан ба осонӣ даст намедиҳад ва чунон раҳравие аз ақл ороста ба нур пайвастае аз гугирди сурх ноёбтар аст. Ва фақат авомми бехабар ва аблаҳанд, ки аз ин хатар мераҳанд, ё касоне, ки аз тарки азоби илоҳӣ ба тоати Ҳаққ машғуланд ва гирди он фузул ва завоид намегарданд».
Муқоисаи эътиқодӣ байни мутаккалимону муҷодилон (ҷадалкунандагон) бо эътиқоди мардуми оммӣ ва пок, ба ақидаи Ғаззолӣ, ошкор месозад, ки эътиқоди мардум чун кӯҳ устувор буда, аз ҳеҷ туфоне осеб намепазирад, вале эътиқоди мутаккалимон чун пораи наҳе аст, ки дастхуши бодҳо гаштааст. Аз ин рӯ, Ғаззолӣ тавсия медиҳад, ки зеҳни кӯдакону навҷавонон ва роҳҷӯёнро дар мақоми тарбият ва ҳидоят бо ақидаҳо ва суханҳои шубҳаноки ба ғалатандозандаи аҳли калом маҳлут накунанд ва онҳоро ба хондани Қуръон, ҳадису ибодот фармон диҳанд. Илова бар ин гумон набаранд, ки он эътиқодоти содда бо мулоҳизоти далелҳои аҳли калом бештар мустаҳкамтар гардад. Дар робита ба ин Ғаззолӣ китоби «Қавоиду-л-ақоид»-ро таълиф намуда, дар он ақидаҳои «бешубҳа»-и аҳли суннат ва ҷамоатро дар боби Худо, ҳаёт, қудрат, илм, ирода, шунидану дидан (самъу басар), калом ва феълҳои Худо, нубувват, пайғамбар, ҳаёти охират, саволҳои Мункару Накир, азоби қабр, тарозу ва ҷазо, биҳишт, дӯзах ва сипас андешаҳои васиёни (иҷрокунандагони васияти) пайғамбарро оварда, аз омӯзгорон мехоҳад, ки ҳамин эътиқодоти соддаро ба навомӯзон таълим диҳанд, ки дар минтақаҳои камбидъат ҳамин қадари он кифоя хоҳад буд.
Ғаззолӣ дар паҳлӯи ин таъкид месозад, ки агар дар маҳалҳое, ки бидъат ривоҷу равнақ ёфта бошад ва хатари гумроҳӣ дар байни ҷавонон ва коҳиши имони онҳо гашта бошад, тавсия медиҳад ба китоби «ар-Рисолату-л-қудсия»-и вай рӯй оваранд, зеро дар фасли севвуми ҳамин китоб дар шакли пурра ва зарурӣ қоидаҳои ақидаҳоро овардааст. Лекин агар зарурати ба таври васеъ ва доманагир омӯхтани ин масъалаҳо пеш ояд, пешниҳод месозад ба китоби дигари вай «ал-Иқтисод фи-л-эътиқод» муроҷиат намоянд, зеро дар онҳо далелҳои амиқ ва густурдатареро перомуни ин масъалаҳо дарёфт хоҳанд намуд. Ин асарҳо, ба қавли Ғаззолӣ, кифоя мебошанд, ки омӯзгорон ба саволҳои худ ҷавоб дарёфт намоянд, вале агар ин китобҳо низ натавонанд ба ин гурӯҳ ҷавонон шифо бахшанд дар он сурат бояд донист, ки маризии бидъат ба хуну устухонашон таъсир ворид сохтааст. Ғаззолӣ таъкид месозад ва ихтор медиҳад, ки зинҳор набояд ба ақоиди аҳли калом рӯй оваранд, зеро калом омӯхтан ба онҳо зиёни маҳз ворид сохта, дар дилашон шакку шубҳаро меафканад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё