Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Ғаззолӣ зарари севвуми илми каломро дар офоти мунозира ва ё ба истилоҳи дигар баҳсу гуфтугӯ доир ба кашфи ҳақиқати масъалаҳо дида, онро дар «Китоби илм» овардааст.
Суханони Ғаззолӣ дар он ҷо бештар ба фақеҳоне равона гардидаанд, ки онҳо барои фаҳмондани ҳақиқат ва маҳву бекор сохтани ботил маҷлисҳои баҳсу гуфтугӯ меоростанд ва дар бахши масъалаҳои мухолифӣ дар фиқҳ, бахусус бештар аз ҳама дар ихтилофоти фиқҳии Абӯҳанифа ва Шофеъӣ ҷадалҳо мекарданд. Ин равиш низ ба аҳли калом дахл дошт, чунки онҳо ба мисли фақеҳон даст ба баҳсҳои бемаънию беасос зада, аз асли бисёр масъалаҳо дур гашта буданд. Худи Ғаззолӣ, ки зодаву парвардаи мактаби калом буда, рӯзгореро дар ин водӣ сипарӣ намуда, офатҳои неку бади онҳоро шинохта буд, бо истифода аз таҷрибаи талхи айёми гӯшанишинию узлати хеш бар сари турбати Халил (а) бо Худо аҳд карда буд, ки «дигар бо ҳеҷ кас вориди мунозира нагардад». Вай дар «Эҳёу улуми-д-дин» таълимгирандагонро насиҳат мекунад, ки аз ин «баҳсу муқобилатҳои кушанда» дурӣ ҷӯста, ҳадди ақал завқи фиқҳии худро зоеъ накунанд. Ғаззолӣ дар боби баҳсу гуфтугӯҳо хеле ошкоро ва табибона сухан гуфта, захмҳоро яке пас аз дигар мекушояд: Аҳли баҳсу гуфтугӯҳо ба касалиҳои бисёре гирифтор гардиданд. Зафармандӣ, бурросуханӣ, ба салосат ва равонӣ сухан гуфтан, ҳушёрию зиракӣ ва бофаросатии ҳарифонашон онҳоро ба ҳасад мубтало кардааст. Дарди дигари аҳли калом, ба қавли Ғаззолӣ кибру ғурур аст, ки гӯё ба баҳонаи «иззату эҳтиром ба илм» ба он дучор мешаванд. Худхоҳӣ, худситойӣ, дурӯягӣ ва макр, саркашӣ аз Ҳақ, худро некӯкору хайрхоҳ нишон додан, пургӯй, фахр, ғазаб, тамаъ, мансабталошию риёсатталабӣ, хурду ночиз шуморидани дигарон, сармастию калонгирӣ, ғурур, бетадбирӣ, бепарвоӣ, бехабарӣ ва ғайраҳо касалиҳои дигаре мебошанд, ки фақеҳону аҳли калом бо онҳо гирифторанд ва онҳоро ба зону хоҳанд даровард1.
Ғаззолӣ аз ин худхоҳиҳои аҳли фиқҳу калом ба дод омада, таъкид месозад, ки гӯё ҳамин мансабҳо, лаззатҳо, неъматҳо, ҳурмату эҳтиромот ва ғалабаҳо мебошанд, ки инсонҳоро ба талаби илму маърифат тарғиб мекарда бошанд. Худованд, меорад Ғаззолӣ, ин динро «бо касоне таъйид мекунад, ки худ ҳеҷ насибе надоранд», аммо ту аз онҳо бояд набошӣ, чун шамъ масӯз то аз ҳалоки ту дигарон равшанӣ баранд, ё чун сӯзане, ки худ урён буда, барои дигарон ҷома медӯзад, ё чун китобе, ки худ холӣ аз илм буда, дигаронро илм меомӯзад, ё чун санге, ки худ кунд аст, аммо кордҳоро тез мекунад2.
1 Ғаззолӣ. Эҳёи улуми-д-дин. Ҷ. 1. Китоби илм. Боби чаҳорум.
2 Ғаззолӣ. Эҳёи улуми-д-дин. Китоби илм. Боби панҷум. Баёни вазифаҳои муршиди муаллим. — С. 55

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё