Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
нин агар мубтадеъ бехудагӯй бигзорад, ба зиёдат аз он сухан, ки дар аҳди саҳоба будааст, ҳоҷат набувад.
Пас бояд, ки мутакаллим ҳадди хеш аз дин бидонад, ки манзилати ӯ дар дин манзилати нигоҳбон аст дар роҳи ҳаҷ. Пас агар нигоҳбон дар нигоҳбонӣ иқтисор (маҳдуд кардан - А.Ш.) намояд аз ҳоҷҷ (ҳоҷӣ - А.Ш.) набувад. Ва мутакаллим агар ба мунозира ва мудофиа иқтисор намояд ва солики роҳи охират нашавад ва ба тааҳҳуди (ваъда, вазифа-А.Ш.) дил ва ислоҳи он машғул нагардад, аслан аз уламои дин набушод. Ва мутакаллимро нест ҷуз иддаъо, ки авом дар он шарики вайянд ва аз он ба санъати муҷодила ва ҳарос мутамайиз аст»1. Лекин танқиди зимнии вай аз калом дар китоби "Эҳёи улуми-д-дин" ва "ал-Мункиз мина-з-залол" ба маънии мутлақ нест. Ин интиқодот дар иртибот ба замони инҳирофи илми калом аз мақсади аслияш, ки ҳифзи ақидаи аҳли суннату ҷамоат ва ҳимояи он аз бидъат буд, гуфта шудаанд. Дар таҳлили худ Ғаззолӣ ба хулосае меояд, ки «маърифати Худо ва сифоту афъоли Ӯ ва кулли он чи дар илми мукошафа бад-он ишорат кардаем аз илми калом ҳосил наояд, бал наздик аст, ки ҳиҷоби он бошад ва аз он монеъ бувад»2.
Дар иртибот ба ин Ғаззолӣ илми каломро ҷузъе аз фалсафа дониста, бар он ақида аст, ки илми калом, илми ҷадид буда, дар асрҳои аввали ислом вуҷуд надошт. Ин илм дар ҳоли ҳозир танҳо барои рад кардани шакку шубҳа ва гумон, ҳимоя аз ақидаҳо ва фурӯ нишондани шиддати беэътиборӣ ва нописандӣ, инчунин нигаҳдории қалбҳои оммаҳои мардум ба кор бурда шуда, бақияи он ё бурҳону далели фоиданоку судманде аст, ки дар Қуръону хабар (ривоёт) дарёфт хоҳанд шуд (аз ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё