Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
рӯ ҷузъи илмҳои шариатӣ аст). Ё ин ки калом ин худ нодонӣ буда, аслан илм нест ва ба зумраи баҳсу ҷидол, бидъату ақидаҳои нақлкардашуда дохил мешавад, ки аксаран онҳо ҳазёнот ҳастанд ва чандон ба дарди ҷомеа намехӯранд.
Ғаззолӣ мутакалимонро ба посбонон шабоҳат додааст, ки агар дуздон набошанд зарурату ҳоҷат ба посбонон низ намемонад. Ҳамчунин агар бидъатгузорон ва шакку шубҳадорон намешуданд, барои мутакаллимон низ дар ҷомеаи мусулмонон ҷой пайдо намешуд. Аз ин лиҳоз, ба қавли мутафаккир, мутакаллимон бояд мансубият ва муносибату пайвастагии худро ба дин донанд. Ба андешаи вай посбоне, ки ба дунболи корвони ҳаҷ равон аст, агар ба ҷуз аз посбонӣ дигар иқдоме накунад, вай ҳоҷӣ шуда наметавонад. Мутакалим низ агар фақат ба баҳсу мунозира машғул шуда, дар тариқи охират гоме назанад дар зумраи олимони дин нахоҳад буд. Фарқият байни мутакалим ва шахси оммӣ танҳо дар он аст, ки вай дар баҳсу муҷодила донотар аст, дигар тафовуте байни онҳо вуҷуд надорад. Бинобар ин вай набояд гумон барад, ки ақидаҳояш умқи бештаре доранд ва ӯро аз маърифати Худо ва сифатҳои феълҳои вай баҳра ва насибаи зиёдтар додаанд. Вале, мутаассифона, чунин маърифатро дар илми калом ба касе намедиҳанд, зеро он аз илми мукошифа буда, танҳо роҳаш муҷоҳида бо нафс дар роҳи Худо аст.
Боз ҳам Ғаззолӣ ҳушдор медиҳад, ки мабодо мутаккалиму фақеҳ дар шинохти Ҳаққ овоза ва ҳашамати бузургону риҷолонро мизони фаъолияти худ қарор дода бошад, бояд одамон онҳоро дида гумон набаранд, ки воқеан олимони дин ба Ҳаққ ҳаминҳоянд. Фақеҳ танҳо қонундон буда, мутакалим посбон аст, вале сарфи назар аз ин онҳо ба шакле ғами динро хӯрда аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё