Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
мешуд ҳам ба ҳукми илоҳӣ хушнуд буданд ва чун фақат барои Худо сухан мегуфтанд, суханашон дар дилҳо сахт коргар меафтод ва онҳоро нарм мекард. Лекин имрӯза тамаъҳои гуногун даҳани уламоро лаҷом задааст ва лизо сукут пеша кардаанд ва агар ҳам чизе бигӯянд, чун қавл ва феълашон наҳамоҳанг аст, тавфиқе намеёбанд. Вале агар рост бигӯянд ва ҳаққи илми худро адо кунанд рӯи саодатро хоҳанд дид. Чаро ки фасоди мардум дар гарави фасоди шоҳон аст ва фасоди шоҳон маълули олимон ва фасоди олимон низ маълули ғалабаи ҳаббу молу ҷоҳ аст ва ҳар кӣ дӯстии дунё бар ӯ зафар ёбад, арозилро низ наметавонад амр ба маъруф кунад, чӣ ҷои акобир»1. Дар хулосаи ин бахш метавон гуфт, ки ин ва дигар масъалаҳои фиқҳӣ, ки шарҳу баёни онҳо вақти зиёд ва дафтарҳои пурҳаҷмро талаб доранд, дар «Эҳёу улумид-дин» хеле равон ва босафоҳат тарҳрезӣ гардидаанд, ки барои дарки фиқҳи исломӣ манзалати хосса доранд.
Дар баробари илми фиқҳ ва таҳлили фиқҳшиносии худ Ғаззолӣ дар тақсимбандии илмҳо, ки пешниҳод сохтааст аз илми калом низ ҳамчун илми шаръии хуб ном набурдааст. Дар асоси таҳлили ҷузвҳои чаҳоргонаи фалсафа ва робиtai мустақими он бо илми калом Ғаззолӣ ба хулосае меояд, ки калом «аз он синоатҳо шуд, ки фарзи кифоят аст барои нигаҳдошти дилҳои авом аз тахайюлоти мубтадиъон (бидъаткорон-А.Ш.) ва ба зодани бидъатҳо вуҷуби он ҳодис шавад. Чунон ки ба сабаби зулми араб ва роҳзании эшон дар роҳи ҳаҷ ба бадрака (дастаи муҳофиз-А.Ш.) ҳоҷат ояд ва агар араб тааддӣ (зурӣ кардан-А.Ш) бигзорад, ба музд гирифтани нигаҳбонон аз шартҳои роҳи ҳаҷ набувад; Пас ҳамчу-
1 Ғаззолӣ. Эҳёу улуми-д-дин. Китоби амр ба маъруф ва наҳйи аз мункар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё