Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Китоби нуҳум аз «Рубъи одот»-и «Эҳёу улуми-д-дин»-и Ғаззолӣ китоби «Амр ба маъруф ва наҳйи аз мункар» яке аз китобҳое аст, ки ба масъалаҳои асосии иҷтимоиёт ва сиёсат бахшида шудаанд. Дар ин қисмати асари худ мутафаккир дар боби амру наҳйи ҳокимон, иҷозат ва ё адами иҷозати онҳо, манъ кардани ҷиҳатҳои хуб ва ё бади амру наҳйи ҳокимон, ба хусус зарурати даст бурдан ба салоҳ, ё ин ки зарурати иҷозат гирифтан аз волӣ дар масъалаи амр ба маъруф баҳсу мунозираҳо мекунад, ки дар ҷаҳони муосир дар фалсафаи сиёсӣ таҳти унвони «озодӣ ва муборизаи сиёсӣ» мавриди баҳс қарор гирифтааст. Дар паҳлуи таҳлили васеъ ва доманадори хеш Ғаззолӣ аз рукнҳо ва шартҳои амр ба маъруф, ки шомили баҳсҳои вай дар атрофи масъалаҳои назорати дурусти фаъолияти нозирони бозорҳо ва истифодаи дурусти тарозуҳо, иҷрои одобу шартҳои онҳо, фаъолиятҳо дар боби таснифот ва табақабандии гуноҳҳо (мункирот), корҳои баду ношоям ва ғайриқонунӣ (номашръъ), ки дар масҷидҳо, бозорҳо, кӯчаҳо, ҳаммому маҷлисҳои зиёфатӣ сурат мегиранд, инчунин вазифаҳои нозирони бозорҳо ва ҳар як шахси ҷомеа дар муқобили онҳо, шаклҳо ва амалисозии вазифаҳои шаҳрдрому шаҳрбонон ва шаҳрвандонро таҳлили амиқ намуда, парда аз чеҳраи шаҳрҳо ва ҳаёти иҷтимоии даврони худ бармедорад.
Ғаззолӣ ба хусус дар боби севуми китоби «Амр ба маъруф ва наҳйи аз мункар» доир ба масъалаи ваъз ва воизон шарҳ дода, аз мӯъминон талаб менамояд, то нагузоранд воизон дар масҷидҳо даст ба бидъатпаҳнкунӣ зананд ва он касоне, ки умеди беҷо ба раҳмати Ҳаққ медиҳанд ва одамонро дар иҷрои гуноҳҳо зидди фармудаҳои илоҳӣ аз роҳ мезананд, аз сухан боз доранд ва тум.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё