Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
воизони ҷавонеро, ки ба орову торо даст зада, дар вазъи худ шеърҳои бисёр истифода мекунад ва ҳангоми вазъ бо дасту чашму абру ишорату ҳаракатҳои маънодор мекунанд, аз ҳузур дар масҷидҳое, ки дар он ҷо занон бошанд, манъ намоянд.
Ҳамчунин Ғаззолӣ қассобонро аз куштани ҳайвонот дар кӯчаҳои калони одамгард ва хиёбонҳо манъ карда, афкандани пӯсти харбуза, рехтани об, партофтани хорро дар роҳгузари одамон, боқӣ мондани лой ва барфу боронро дар гузаргоҳҳо мамнӯъ мешуморад. Дар паҳлӯи ин раво намебинад, ки касе саги худро кушода монад, то ин ки вай ба роҳгузарон халал расонад, инчунин рафтан ба ҳаммомҳоеро, ки дар деворҳои он расми одамон ва сақфаш аз кошии лағжонак аст манъ менамояд. Барои занон нигаристан ба мардони ҷавон ва ба мардон пӯшидани либосҳои абрешимӣ ва ангуштарини тиллоиро нораво медонад. Сурох кардани гӯши духтаронро барои овехтани гӯшворҳо низ ҳаром шумурда, манъ кардани онҳоро воҷиб медонад.
Боби чаҳоруми китоби «Амр ба маъруф ва наҳйи аз мункар»-ро Ғаззолӣ ба масъалаи «амр аз наҳйи султонҳо ва амирон» ихтисос додааст. Вай барои амри ин гурӯҳҳо дараҷаҳое муайян сохтааст, ки онҳо аз қабили зайл мебошанд:
-
Дараҷаи аввал: Шинос намудани маъруф ва мункар;
-
Дараҷаи дуввум: Сухани дурушт гуфтан;
-
Дараҷаи севвум: Қаҳр кардан, задан ва шиканҷа додан.
Ғаззолӣ бар он ақида аст, ки султонҳо наметавонанд аз дараҷаи дуввум болотар амал намоянд, зеро қаҳр кардан сабаби шарру ошӯб гардида, зарари он аз фоидааш бештар хоҳад буд. Аз ин рӯ, қаҳролуд шуданро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё