Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
оқибати амалҳо ва сарнавишти инсонҳоро медонад ва дар сурате, ки Расули акрам ба лаънат хондани касе иҷозат дода бошад ва ё ин ки одаме ба ҳамин шакл касеро лаънат хонад бояд гӯяд: Агар ҳамчун кофир мурда бошад, лаънат бар вай, лекин агар ҳамчун мусулмон мурда бошад, ба ӯ лаънат набояд хонд.
Баъд аз баёни чунин муқаддимоте Ғаззолӣ суханро дар атрофии лаънат хондан идома дода, савол ба миён мегузорад, ки оё ба Язид, ки барои ба қатл расонидани Ҳусайн ибни Алӣ фармон содир намудааст, лаънат хондан раво аст? Дар посух меорад, ки чун аз назари таърихӣ мусаллам ва дақиқ нашудааст, ки Язид фармони қатли Ҳусайнро додааст ё не ва дар сурате, ки исноди қатл ба вай дахл надорад, чӣ гуна метавон ӯро лаънат хонд. Зеро дастури додаи Язид чуноне, ки қатли Алӣ ба дасти Ибни Мулҷам ё ин ки қатли Умар ба дасти Абӯлӯълу мусаллам буданд, далели раднопазир надаранд. Аз ин рӯ, ҳамин қадар ҷоиз аст гӯянд, ки қотили Ҳусайн ҳар касе набошад, агар пеш аз марги хеш тавба накарда бошад, лаънат бар ӯ бод. Чунки ҳама медонанд, ки қотили амаки пайғамбари ислом Ҳамза пеш аз марги хеш аз кофир будан ва анҷом додани қатл тавбаву надомат кард, бинобар ин сазовори лаънат шуда наметавонад. Пас қотилонро низ наметавон ба шакли мутлақ ва умум сазовори лаънат донист.
Қобил ба ёдоварист, ки тамоми ин мулоҳизот аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки сукут ва хомӯшӣ инсонро дар он рӯҳия тарбия месозад, ки то он қадаре метавонад даҳони худро аз лаънат хондан баста нигоҳ дорад, зеро пайғамбари ислом Муҳаммад, сала-л-Лоҳу алайҳи ва салам, тавсия дода буд, ки «увсика ан ло такуна лаъонан», яъне «туро супориш медиҳам, ки лаънатпеша набушӣ»1.
1 Ғаззолӣ. Эҳёи улуми-д-дин. Китоби офоти лисон. Офоти ҳаш-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё