Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

над ва дар ин боб меорад: «Самоъ гоҳе ҳаром, гоҳе мубоҳ, гоҳе мустаҳаб ва гоҳе макрӯҳ аст, барои бештар ҷавонон ҳаром аст, чаро ин шаҳвоти хуфтаи замирашонро бедор мекунад ва дилашонро ба сӯи фасод меронад. Макрӯҳ аст, барои касе, ки аз он дарси фасод намеомӯзад, аммо ба лаҳв бо он хӯ мекунад. Мубоҳ аст, барои он ки аз он ҷуз лаззати садои дилнавоз насиби дигаре намебарад ва мустаҳаб аст барои соҳибдиле, ки шефтаи ишқи илоҳӣ аст ва самоъ ва ғино агар коре бо ӯ мекунад ҳамоно шурондани он ишқи софӣ ва ширин аст»1.

Ин баёни «самоъ» ба хотири он сурат гирифтааст, ки дар даврони хилофати Умавиён ва Аббосиён фасодронӣ дар байни занон ва мардон, аз тариқи шеърхонӣ ва сарояндагию навозандагӣ хеле ривоҷ ёфта буд. Ғаззолӣ мехост аз тариқи илми фиқҳ ва фатвои худ дар атрофии «самоъ» ин шиддатро поён оварад ва моҳияти онро баён созад.

Дар баробари ин Ғаззолӣ боз фатвоҳои зиёде дар ин асари худ овардааст, ки яке аз онҳо доир ба «лаънат хондани Язид» ва «дар рӯи ҳокимони ситампеша сухани қабеҳ ва дурушт» гуфтан аст. Дар китоби «Офоти забон» офоти ҳаштумро офати «лаънат хондан» меномад. Ба андешаи вай раво аст, ки ба гузаштагони шахсони куфр, табақоти фосиқ ва кофир лаънат хонда шавад ва аз Худо хоста шавад, ки зинокорон ва рибохоронро лаънат намояд. Лекин лаънат хондани шахсият ва донишмандонро пурхатар медонад, зеро ба қавли вай, бисёр золимону кофирон мумкин аст оқибат имон оваранд ва бо имон миранд. Аз ин рӯ, дар вақти ҳаёт буданашон ба онҳо лаънат фиристондан нораво аст. Ба истиснои пайғамбари ислом, ки вай тавассути илми ғайб

пешина
аз 567
навбатӣ