Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

дарё, ҷоиз аст касе савори киштӣ шавад, бо он ки медонем дар чунин аҳволе фаризаи ҳаҷ ҳам соқит мегардад? Оё ҷоиз аст касе, ки метавонад косибӣ кунад, гадой кунад? Ҳаққан, ки Ғаззолӣ фиқҳро ба тасаввуф арзон фурӯхтааст»1.

Ин раванди фикрии Ғаззолиро ба пуррагӣ дарк карда, мутаарризони вай, аз он ҷумла, Ибни Ҷавзӣ, Файзи Кошонӣ ва дигарон онҳоро ҳамчун «фиқҳфурӯ- шӣ» ба қалам дода, китоби бузурги ӯро «саршор аз ҳа- дисҳои ботил ва хориҷ аз қонуни фиқҳ» шуморидаанд. Вале ин қабил бо ном мунаққидон худ фаромӯш сохта- анд, ки гирифтори маризии «мазҳабгароӣ» ва пойбанди андешаҳои ботили ҷараёни фикрии маҳдуди хеш ва фир- қаву макотиби худ гардидаанд. Наход Ғаззолӣ бо он бузургӣ ва вусъати дониши амиқи худ дар тамоми бахш- ҳои улуми динӣ даст ба қаллобкорӣ зада, ҳадису риво- ятҳои ботилро дар бузургтарин асари ҷаҳони ислом «Эҳёу улуми-д-дин» оварда, онҳоро ҳамчун асл нишон диҳад?! Агар андешаҳои Ғаззолӣ зидди исломи асл ме- буд, чаро Файзи Кошонӣ худ беш аз навад дарсади онҳоро ғасб карда, дар китоби «ал-Маҳҷҷату-л-бай- зо»-и хеш ва Ғаззолиро ба хотири баланд бардоштани нуфузу эътибори исноашария ба «шиагароӣ» муттаҳам сохт? Чунин саволҳо хеле зиёданд.

Ғаззолӣ дар паҳлӯи масъалаҳои зикршудаи фиқҳӣ дар асари хеш ба масъалаҳои офатҳои забонӣ, ки онҳо низ ба фиқҳ дахл доранд, руҷӯъ кардааст. Офати нуҳум аз офатҳои бистгонаи забонро дар бахши «Офоти ли- сон» оварда, онро бо номи офати «сурудхонӣ ва шеър» номидааст. Мутафаккир ба мақсади беҳтар баҳо додан ба ин масъала даст ба шарҳи масъалаи «самоъ» меза-

1 Ибни Ҷавзии Бағдодӣ Ҷамолуддин Абулфараҷ Абдурраҳмон. Талбису-л-иблис. – Теҳрон, – 1368 ҳ.қ. – С. 353

пешина
аз 567
навбатӣ