Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

шуҷоат, дар зимистонҳо ва дар ҳангоми талотуми амвоҷи дарё, бар киштӣ савор мешуд. Яке аз машоих дар ибтидои мурид шудан, ки аз шабхезӣ малул ва касал буд, тамоми шабро воруна ва бедор бар сари хеш истод, то рост шавад, ки бақия шабҳоро бар по бедор бимонад ва дигар барои илоҷи молдустӣ ҳама мамлукоти хешро фурӯхт ва баҳои онро гирифт ва ба дарё афканд ва ҳатто онро ба дигарон инфоқ накард, то ба учби инфоқ ва ё риёи он гирифтор наояд»¹.

Ба маънеи дигар Ғаззолӣ ба хулосаи мантиқие водор месозад, ки тамоми беморонро ба як равиш ва як дору наметавон муолиҷа кард.

Пас аз ин Ғаззолӣ ҷузъиёти тариқи таълими шайх ба муридонро зикр карда, аз он таъкид месозад, ки «итоат аз инсони ҷоизулҳато воҷиб аст», инчунин ҳамин инсони маҳдуд ва сар то ба по хатокор метавонад «танзимгари бидъатҳо бошад». Ин идеяҳои Ғаззолӣ, ки дар асоси андешаҳои аҳли тасаввуф ба вуҷуд омадаанд, зидди ақидаи исношариён дар бахши муқаддас будани «аҳли байт», «имомони маъсум» ва бегуноҳ будани онҳо, ҷудо сохтани имомия аз аҳли суннат ва ҷамоат, ки худро ботинан «интихобшудагон» ва ворисони Пайғамбар дониста, аҳли суннат ва ҷамоатро беаслу бенасаб ва «аз омма» мешуморанд, равона гардидаанд.

Ин носозгории андешаҳои Ғаззолӣ бо тариқа ва фиқҳи «аҳли байт» на танҳо аз ҷониби аҳли ташайюъ, балки аз ҷониби Ибни Ҷавзӣ, ки яке аз ноқидони бузурги тасаввуф маҳсуб мегардад, дар китоби «Талбису-л-иблис» аз «Эҳёу улуми-д-дин» иқтибосҳои зикршударо оварда, сипас мункирона мепурсад: «Оё ҷоиз аст, ки касе мусулмонеро бе сабаб дашном диҳад? Оё ҷоиз аст, ки касе барои ин кор аҷир шавад? Оё ҳангоми талотуми

¹ Ғаззолӣ. Эҳёу улуми-д-дин. Ҷ.5. Китоби риёзати нафс. — С. 60.

пешина
аз 567
навбатӣ