Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Дар китоби «Риёзати нафс» Ғаззолӣ таҳти унвони «Баёни тафсил дар тариқи таҳзиби ахлоқ» доир ба таҳзиби нафси инсонӣ, дармон ёфтан аз разилатҳои ахлоқӣ сухан ронда, дар муқоиса ба тибби ҷисмонӣ зикр месозад: «Мараз хуруҷ аз эътидол аст ва барои бозгардондани эътидол мебояд ҳар маразеро бо зидди он дармон намуд. Маразҳои ҳосил аз ҳароратро бо бурудат (сармо) ва маразҳои ношӣ аз бурудатро ба ҳарорат. Ҳамчунин аст дар тибби рӯҳонӣ, кибрро бо тавозуъ ва бухлро бо саховатпешагӣ ва тамаъро бо хештандорӣ бояд илоҷ кард. Ва пири устод бояд бингарад, ки дар мурид кадом беморӣ ғалаба дорад, вайро ба риёзати муносиб ба он разилат ишорат кунад. Филмасал агар мурид, моли зиёдат аз ҳоҷат дорад аз вай бигирад ва дар хайрот сарф кунад. Ва ё агар дар вай кибр ва раунате суроғ дорад, ӯро ба гадоӣ маъмур кунад, то иззати дурӯғини нафсаш бо зиллати суол бишканад. Агар мебинад, ки мурид ба ороиши хеш ба танзифи либосу бадан таваҷҷӯҳи бисёр дорад, ӯро ба покиза кардани ошпазхона, обрезу зуболакаш во дорад ва агар рағбати бисёр ӯро ба таом, барои ӯ зиёновар мебояд вайро ба рӯза гирифтан ва кам хӯрдан амр кунад ва ӯро бигуморад то барои дигарон ғизои лазизе омода кунад, аммо худ нахӯрад ва агар мебинад, ки марде аст никоҳдӯст, аммо вусъат бад-он наметавонад расад, ӯро ба рӯза амр кунад, шабе ба ифтор бо оби бенон ва шабе ба ифтор бо нони бе об ва ӯро аз хӯрдани гӯшт ва хӯриш боз дорад. Муриди тундхӯ ва камҳилмро ба мусоҳабат бо тундхӯтар аз худ мубтало кунад, то таҳаммулаш афзун шавад. Ҳамчунон ки касе барои он, ки хашми худро поёмол кунад ва бо шашебӯй хӯ бигирад, каси дигарро аҷир карда бувад, то дар ҳузури мардум вайро дашноҳ диҳад ва чунон ҳалим шавад, ки ҳилмаш зарбурмасал гардад ва дигаре, ки эҳсоси тарсу будан мекард ва барои касби

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё