Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

худ бояд ба омӯзиши «воҷиботи айнӣ» бипардозад то ба моҳияти аслии онҳо сарфаҳм равад ва тавонад аз ҳуқуқҳои худ дифоъ намояд.

Мутафаккир хулоса мекунад, ки агар рафти фармони Худо намебуд ва ё ин ки инсон дорои хусусиёти иҷтимоӣ намешуд ба фиқҳ низ чандон ҳоҷате намеафтид ва амалҳо дар асоси вай воҷиб намешуданд. Бидуни шакку тардид ин ғояҳову мавқеи воқеъгароёнаи Ғаззолӣ нисбат ба фиқҳ аз он дарак медиҳад, ки вай ошкоро тариқатро бартар аз шариат ниҳода, тафовути лаззати динии омму хосро муайян месозад, ки ба андешаҳои Ибни Сино дар «Шифо», «Наҷот» ва «Ишороту танбеҳот» қариб як чиз аст. Ғаззолӣ фиқҳро болотар аз он нашинондааст, ки ҷои ӯ аст: сомонбахшӣ, мушкилзудоиву фарогатофаринии фиқҳ хосси ҷомеаҳои содаву инкишоф наёфта буд, ки робитаҳои хеле сода ва ҳочатҳои хеле каму андаки аҳли ҷомеаро ба якдигар пайванд месохт. Фиқҳ масъалаҳои хеле одиро анҷом медод, зеро қонунмандиҳои ҳаёти иҷтимоӣ, бозор, хонаводаву оила, касбҳо, ҳукумат ва ғайра кашф нашуда буданд. Фармони шоҳ ё султону фақеҳ ба ивази фармони илм амалӣ мешуд ва гумон вонамуд мегашт, ки дар ҳар кадом бахше аз ҳаёти иҷтимоӣ мушкилие ба бор ояд, гӯё он ҳатман дар чаҳорчӯбаи ҳукмҳои фиқҳӣ ҳаллу фасл мегарданд. Зиёнкорон, қиматфурӯшон, фасодкорону ришваситонон, роҳзанону таҷовузгарон гӯё ҳар кадом ҳатман бо ҳукми фиқҳӣ ба ҷазо гирифтор хоҳанд шуд, ки ин худ аз ормон ва ё хаёли хоме болотар набуд. Ин содалавҳии баён ва ё боварӣ худ сабабе дошт, зеро ҳанӯз равиши илмии ҳалли масъалаҳо ва роҳбарии илмии ҷомеа дар замони Ғаззолӣ маълум набуд ва ин андешаҳо барои мутафаккирон ноошно буданд. Роҳбарии маъруф роҳбарии фиқҳӣ буду бас. Вале дар шароити имрӯзаи мо

пешина
аз 567
навбатӣ