Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
моянд, даст ба ҳамсари якдигар накушоянд, ғорат накунанд, бар заъифону аҷирон ситам наёваранд. Ин адаб дар гарави он аст, ки одоби шариатро азизу гиромӣ ва шариф шуморанд. Дар навбати худ ин ҳурмату эҳтиром дар гарави он аст, ки Худоро, ки офаридагори онҳо аст ҳамвора ба ёд дошта бошанд. Такрори ибодатҳо ба зикр овардани мабдаи асосии ин одоб ва одатҳои инсон ва дар маҷмӯъ ҷомеаи одамӣ ҳаст. Ба қавли Ғаззолӣ «фиқҳи дунё агар ҳусне дорад ин аст, ки дилро аз аносири бегона ва ғафлатовар бипирояд, то ба фиқҳи дин бипардозад». Ба ибораи дигар шариат, ки умдатан дар фиқҳ инъикос ёфтааст дини омма буда, дар мадди аввал хушбахтӣ ва оромиши ҳаёти дунявии онҳоро таъмин месозад. Чунин оромиву суботи ҷомеа ва таъмини раванди дурусти ҳаёти он дар динҳои дигар тавассути илмҳои ҳуқуқи онҳо ва дар ҷомеаҳои ғайридинӣ бошад аз тариқи қонунҳои башарӣ амалӣ мегарданд.
Ба қавли Ғаззолӣ ҳаёти ғафлатолуди инсонҳое, ки асири хурдан, хоб рафтан ва шаҳватронӣ мебошанд, аз баракат ва дар паноҳи чунин фиқҳ ва қонунҳо каме ҳам бошанд, диққатҷалбкунанда мешавад, ки ин худ ба он мебарад, ки ғафлатрастагон қалбҳои хешро фориг доранд, ки аз ин дунё дигар дунёи беҳтаре вуҷуд надорад. Болотар аз ин масъулияти таърих ва мардум бар дӯши касе набуда, Худованд ҷаҳонро бо оташи ғазабу шаҳват идора ва тадбир месозад ва дар ҳеҷ давру замон ва дар ҳеҷ фазову вақте хусумату бадӣ, азобу шиканҷа ва гарданкашиву фасод ҷомеаи инсониро тарк нахоҳад кард. Ин гуна фақеҳону дунёталабон чунон зиёданд, ки ба «воҷиби кифоя» (дарс хондан, вазъ гуфтан ва ғайра) рӯй оварда, барои муфтӣ ва мутакаллим шудан ба инсонҳои пок ва порсоён имкон намедиҳанд. Аз ин рӯ, Ғаззолӣ таъкид месозад, ҳар як инсони бомаърифат ва солик

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё