Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

магар метавон инкор сохт, ки масъалаҳои асосии баҳсталаби сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғайраҳоро тавассути илми ҳуқуқ (фиқҳ) ҳал мекунанд ва мушкилиҳои бузурги ҷомеаи башариро низ ин илм ба роҳи дуруст меандозад.

Ин фиқҳшиносии Ғаззолӣ ҳамон зодаи ҷомеашиносии вай буда, дар он чизи дигаре изофа кардан ғайриимкон аст.

Ба андешаи Ғаззолӣ он фақеҳоне, ки дарки маънии амиқи динро марбут ба донистани тамоми паҳлуҳои илми фиқҳ шуморида, дар бахши муомилоти дунявӣ бошад ба илми фатво басанда медонанд, гумон мебаранд, ки муроди Худованд дар оёти 122 сураи «Тавба» аз «тафаккуҳ», яъне аз илми фиқҳ хондан ва фақеҳ шудан аст, ки ин худ бемантиқ ва беасос мебошад. Мутафаккир меорад, ки «шоиста нест мӯъминон ҳамагӣ (ба сӯи майдони ҷиҳод) кӯч кунанд: чаро аз ҳар гурӯҳе аз онон, тоифае кӯч намекунад (ва тоифае дар Мадина бимонад), то дар дин (лиятафакқаҳу фи-д-дин) ва маориф ва аҳкоми ислом огоҳӣ ёбанд ва ба ҳангоми бозгашт ба сӯи қавми худ онҳоро бим диҳанд. Шояд (аз мухолифати фармони Парвардигор) бипурсанд ва худдорӣ кунанд»1. Аз ин ҷиҳат омӯхтани фиқҳ зарур буда, бо таълими он андозаи матлаб ҳосил мегардад ва ба ҳамин сабаб ҳам амалан аз таҳзиби нафс ва сулуки ахлоқ боз мондаанд ва назаран низ илми фиқҳро бартар аз дигар илмҳои динӣ шумурда, ба омӯхтани онҳо рағбат намеварзанд.

Мавриди сарзаниши Ғаззолӣ он гурӯҳи фақеҳоне, ки фақат ба мухолифатҳо ва зиддиятҳои илми фиқҳ машғул ҳастанд, қарор гирифта, ба қавли вай онҳо ба ҷуз аз баҳсу ҷидол ва саркуб кардани мухолифон ва

1 Ғаззолӣ. Эҳёи улуми-д-дин. Рубъи ибодот. – С. 84.

пешина
аз 567
навбатӣ