Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ин вай гӯшрас месозад, ки фақеҳон бояд насиҳати касеро пазиранд, ки бахше аз умри худро дар ин роҳ зоеъ карда ва нисбат ба пешгузаштагон дар таснифу таҳрир ва ҷадалу баён муваффақиятҳоеро ба даст овардааст.
Аммо пас аз он ба иршоду илҳоми илоҳӣ ба айби худ воқиф шуда ва ба табиати нафси хеш ҳиммат гумошта аст1.
Дар андешарониҳои Ғаззолӣ дар атрофии илми фиқҳ як нуктаи муҳими дигаре низ ҳаст, ки аз он наметавон зикр накард. Ғаззолӣ тибро илме медонад, ки бемор, ҳатто танҳо ва як нафар ҳам бошад ба он мӯҳтоҷ аст. Бо ибораи дигар яъне ҳатто агар Офаридгор ба ҷуз аз як инсон дигар одамонро намеофарид ва агар ҳамин ягона инсон касал мешуд, барои вай илми тиб зарур буд ва бе он дигар чорае намебуд, «аммо фарқи фиқҳ бо тиб ин аст, ки одамӣ агар танҳо бошад, чӣ басо мустағнӣ аз он бошад, лекин вайро чунон офаридаанд, ки наметавонад танҳо зиндагӣ кунад»2.
Акнун маълум мешавад, ки Ғаззолӣ ҳангоми дар муқаддимаи китоби «Эҳёу улум ад-дин» аз «тибби қулуб ва арвоҳ» сухан гуфтанаш зери мафҳуми «тибб» — тибби рӯҳониро дар назар дорад, ки замимаи зикри «Муҳликот» ва «Мунҷиёт» буда, ҳатто барои одамони танҳо низ ногузир шуморида мешавад ва онро болотар аз фиқҳи дунё мегузорад. Ҳамин аст, ки илми фиқҳ дар низоми табақабандии илмҳои Ғаззолӣ дар канори дигар илмҳои шариат чунин як мавқеи поёниро соҳиб мешавад.
Дар асоси гуфтаҳои боло Ғаззолӣ ба хулоса меояд,
ки беҳтар он аст, ки ба иҷозатҳои фақеҳон эътино надода, ба садои қалби хеш гӯш дод. Барои исботи фикри
худ мисоле аз Ибни Муборак меорад, ки «бубин, ки
1 Ғаззолӣ. Эҳёу улуми-д-дин. Ҷ. 1, – С. 41
2 Ҳамон ҷо. Ҷ. 5 Боби 5. дар одоби мутааллим ва муаллим. – С. 55

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё