Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

нахоҳанд шуд1.

Ба хусус он чизе ки Ғаззолиро меозурд ин ривоҷу равнақи илмҳои «хилофиёт» ва «ҷадалиёт» буд, ки фақеҳонро ба омӯзишу таҳлили ихтилофоти андешаву ақидаҳои фақеҳони мазҳабҳои гуногуни исломӣ ва шарҳу баёни сабабҳои онҳо во медошт. Барои ҳалли ин масъалаҳо фақеҳон маҷлису ҳамоишҳо ва баҳсу мунозираҳои зиёде барпо намуда, дар радду бадали якдигар чунон баҳсҳои доманадоре ороста, чунин вонамуд месохтанд, ки гӯё ягона роҳи васл ва дарёфти ҳақиқат, чунин муҳофизат аз дин ва пайравӣ аз шариати ислом ҳамин корҳои онҳо бошанд. Бо ҳамин корҳои худ, ба қавли Ғаззолӣ, ин қабил уламо барандагони разилату фасод буда, мутаассифона амалҳои худро «фиқҳомӯзӣ» ва «шариатталабӣ» ҷилва медоданд: «Мабодо гирди ин умур бигардӣ, чунон ки аз заҳри қотил мегурезӣ, аз онҳо бигрез. Ин дарди бедармоне аст, ки ҳамаи фақеҳонро ба мухолифат ва мубоҳот гирифтор кардааст»2 зикр мекунад ӯ.

Дар робита ба ин рафтори бо ном «уламои фақеҳ» Ғаззолӣ дастур медиҳад, ки фақеҳон то он замоне, ки «воҷиби айнӣ»-ро наомӯзанд даст ба «воҷиби кифой» назананд. Ба он фақеҳоне, ки мехоҳанд баъд аз омӯзиши «воҷиботи кифой» ба омӯзиши пояҳо ва моҳияти фиқҳ рӯй оваранд, пешниҳод месозад дар мадди аввал аз китобҳои Ғаззолӣ «ал-Мухтасару-л-музанӣ», дар ҳадди миёна «ал-Васит мина-л-мазҳаб» ва муфассали онро дар «ал-Басит» ҷустуҷӯ намоянд. Ғаззолӣ таъкид месозад фақеҳон бояд дар атрофи «хилофиёт» нагарданд ва гумон ҳам набаранд, ки ин суханҳои гуфтаи вай аз адовати ҷоҳилона нисбат ба илми фиқҳ бошад. Болотар аз

1 Ғаззолӣ. Эҳёу улуми-д-дин. Ҷ. 1, Рубъи аввал. Китоби илм. Боби дуввум. – С.21
2 Ғаззолӣ. Эҳёу улуми-д-дин. Ҷ. 1. – С.41

пешина
аз 567
навбатӣ