Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

қавлиҳӣ: «Наҳну ҷаъалноҳо тазкиратан ва матоъан ли-л-муқвин»1.

Ва пӯшида намонад бар касе, ки вайро аз ақл андактар насибе бошад, чун дар мазмуни ин оёт ба камтар фикрате тааммул кунад ва назари худ дар аҷоиби офариниши замину осмон ва бадоеъи фитрати [181] набот ва ҳайвон бигардонад, ки ин кори аҷиб ва тартиби муҳкам аз сонеъе мудаббир ва фоҷиле муқаддир бениёз натавонад буд, бал наздик бошад, ки фитрати нуфус гувоҳӣ диҳад бар он ки мақҳури тасхир аст ва гардонида бар муқтазои тадбир. Ва барои он Ҳаққ таъоло гуфт: «Афи-л-Лоҳи шаккун фотири-с-самовоти ва-л-арзи?»2 Ва бад-ин мӯҷиб ҳамаи пайгомбарон барои он баъс шуданд, то халқро ба тавҳид хонанд, то бигӯянд «Ло илоҳа илла-л-Лоҳ». Ва бад-ин маъмур набуданд, ки бигӯянд «Моро ё оламро Худое аст», чи он дар фитрати ақлҳои эшон сиришта буд дар аввали нашв ва унфувони умри эшон. Ва барои он Ҳаққ таъоло гуфт: «Ва лаин саалтахум ман халақахум лаяқулу-н-на-л-Лоҳу»3. Ва низ гуфт: «Фаақим ваҷҳака ли-д-дини ҳанифан фитрата-л-Лоҳи-л-латӣ фатара-н-носа алайҳо»4. Пас фитрати инсон ва шавоҳиди Қуръон муғнӣ аст аз иқомати бурҳон, валекин мо бар сабили истизҳор ва иқтидо ба уламои нуззор мегӯем, ки:

Аз бадеҳаи ақл аст, ки ҳеҷ ҳодисе дар ҳудуси худ аз сабабе, ки вайро эҷдос кунад, бениёз набошад. Ва олам ҳодис аст. Пас, аз сабабе бениёз набувад. Аммо ин сухан, ки ҳодис аз сабаб бениёз набошад, рӯшан аст, чи ҳар ҳодисеро вақте муайян бошад ва дар ақл равост, ки пеш аз он ё пас аз он будӣ. Ва ихтисоси ӯ ба вақте муайян – на пеш аз он,

пешина
аз 567
навбатӣ