Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

РУКНИ АВВАЛ

ДАР МАЪРИФАТИ ЗОТИ БОРӢ ТАЪОЛО

Ва мадори ӯ бар даҳ асл аст:

Асли аввал – маърифати вуҷуди Ӯ

Сазовортар чизе аз анвор, ки аз он рӯшноӣ талабида шавад ва тариқи эътибор дар он сулук намуда ояд, он аст, ки Қуръони карим бад-он роҳ намудааст ва Китоби ҳаким бад-он ишорат фармуда. Чӣ варои баёни Ҳаққ таъоло баёне натавонад буд. Ва Ӯ фармудааст: «Алам наҷъали-л-арза миҳодан. Ва-л-ҷибола автодан. Ва халақнокум азвоҷан. Ва ҷаъално навмакум суботан. Ва ҷаъална-л-лайла либосан. Ва ҷаъална-н-наҳора маъошан. Ва банайно фавқакум сабъан шидодан. Ва ҷаъално сироҷан ваҳҳоҷан. Ва анзално мина-л-муъсироти моан саҷоҷан. Линуҳриҷа биҳӣ ҳаббан ва наботан. Ва ҷаннотин алфофан»1. Ва фармуда: «Инна фӣ халқи-с-самавоти ва-л-арзи вахтилофи-л-лайли ва-н-наҳори ва-л-фулки-л-латӣ таҷрӣ фӣ-л-баҳри бимо янфаъу-н-носа ва мо анзала-л-Лоҳу мина-с-самамои мин моин фааҳё биҳӣ-л-арза баъда мавтиҳо ва басса фиҳо мин кулли доббатин ва тасрифи-р-риёҳи ва-с-саҳоби-л-мусаххари байни-с-самамои ва-л-арзи лаоётин ли қавмин яъқилуна»2. Ва гуфта: «Алам тарав кайфа халақа-л-Лоҳу сабъа самамовотин тибоқан. Ва ҷаъално-л-қамара фиҳинна нуран ва ҷаъална-ш-шамса сироҷан. Ва-л-Лоҳу анбатакум мина-л-арзи наботан. Сумма юъидукум фиҳо ва юҳриҷукум иҳроҷан»3. Ва гуфта: «Афараайтум мо тумнун. А антум тахлуқунаҳу ам наҳну-л-холиқуна». Ило

1 Набаъ, 78:6-16.
2 Бақара, 2:164.
3 Нӯҳ, 71:15-18.

пешина
аз 567
навбатӣ