Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ояд, то вақъи он дар дили шунаванда бузургтар бошад. Ва маслиҳати ӯ дар он бувад, ки вақъи онро азим донад, чунон ки агар касе гӯяд фулонро дидам, ки хуконро аз дурр килода месохт ва муроди ӯ он ки ноаҳлонро илму ҳикмат меомӯхт, фаҳми шунаванда ба зоҳири он собиқ шавад1, валекин муҳаққиқ чун донад, ки ӯ дурр надорад ва дар он мавзеъ хукон наанд, сирри ин сухан бидонад ва ботини он дарёбад. Ва бад-ин сабаб мардумон дар он мутафовит шаванд.
Мутарҷим мегӯяд, ки вақти истиорат аз он қавитар мебошад, ки маъқулро ба маҳсус, ё ботинро ба зоҳир иборат карда шавад. Ва маҳсусу зоҳир дар бештари фаҳмҳо овезандатар аз маъқул ва ботин аст. Чунон ки хубии дурр ва зиштии хук маҳсус аст ва нафосати илм ва хасосати ноаҳл маъқул.
Ва маънии ин ду байт ҳам аз ин қисм аст:
Раҷулони хайётун ва оҳару хоикун,
Мутақобилони ала-с-самои-л-аввали2.
Ло зола янсиҷу зока хирқату мудбирин,
Ва яхиту соҳибуҳу сиёба-л-муқбили.
Ва ин ду байти (порсии) тарҷумаи ин аст, бад-он сабаб бар эроди он иқтисор намуда шуд:
Ба фалак бар, ду мард пешаваранд,
З-он яке дарзӣ ва дигар ҷӯлох.
Ин надӯзад магар қабои мулук
В-он набофад магар гилеми сиёҳ.
Аз сабабҳои осмонӣ, ки иқбол ва идбор аз он бошад, ба ду пешавар иборат кардааст. Ва руҷӯи ин навъ бад-он
1 Собиқ шавад - пешӣ гирад.
2 Дар бархе чопҳои матни арабӣ «ала-с-самоки-л-аввали» ва «ала-с-самоки-л-аъзали» забт шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор