Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

зикри он бештар шунавандагонро зиён дорад ва анбиё ва сиддиқонро зиёнкор бошад. Ва сирри қадар, ки аҳли илмро аз фош кардани он боздоштаанд, аз ин қисм аст. Ва дур набошад, ки зикри баъзе ҳақиқатҳо баъзе халқро зиён дорад, чунон ки нури хуршед чашми шабпаракро ва бӯи гул ҷуалро1. Ва чӣ гуна дур бошад,2 ки ин сухани мо, ки куфру зино ва маъсияҷҳову шаррҳо ба қазову машият ва иродати Борӣ– субҳонаҳу ва таъоло – аст, бо он чи ҳаққ аст, ҷамоатеро зиён дошта [174] аст ва чунон таваҳҳум кардаанд, ки ин сухан далели сафаҳ ва нақизи ҳикмат аст ва розӣ будан ба зиштиву зулм.

Ва Ибни Ровандӣ ва тоифае аз маҳзулон ба мисли ин сухан дар илҳод афтодаанд. Пас, ҳамчунин агар сирри қадар фош карда шавад, бештари халқро аз он иҷом аҷз бошад3, чи фаҳми эшон қосир бошад аз идроки он чи ин ваҳмро аз эшон зоил гардонад. Ва агар касе гӯяд, ки вақти қиёмат агар таъйин карда ояд, ки пас аз ҳазор сол ё бештар ё камтар бошад, мафҳум бошад, валекин барои маслаҳати бандагон - ба сабаби он чи эшонро зиён дорад - муайян нашудааст, чи шояд ки дур бошад ва мардумон чун донанд, ки муддате мадид ва мӯҳлате баид бояд, то вақти ҳисоб ва укубат ояд, бебокӣ бар эшон ғолиб шавад ва шояд, ки дар илми Худой наздик бошад ва чун наздикии он бидонанд, хавф истило ёбад ва даст аз корҳо бидоранд ва дунё хароб шавад ва агар ин маъnӣ муттаҷеҳ4 бошад ва дуруст гардад, мисли он қисм тавонад буд.

Қисми севвум он ки сареҳ гуфта ояд, мафҳум шавад ва зиён надорад, валекин бар тариқи рамзу истиорат гуфта

1 Ҷуал – саргинғалтон, гӯгол.
2 Асл: дур набошад; дар матни арабӣ: ва кайфа ябъаду.
3 Дар Шарҳи Забидӣ: (авҳам аксару-л-халқи аҷзан) фи қудрати-л-Лоҳи таъоло.
4 Муттаҷеҳ – дар хотир хутуркунанда.

пешина
аз 567
навбатӣ