Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Ва аммо мазаррати он ангехтани шубҳатҳост ва ҷунбонидани эътиқодҳо ва зоил кардани ҷазму тасмим аз он. Ва ин аз ибтидо ҳосил ояд ва бозомадани эътиқод ба қарори худ ба сабаби далел дар шакк бошад ва мардумон дар он мухталиф. Ва ин мазаррати ӯст дар эътиқоди ҳаққ.

Аммо дар эътиқоди мубтадеон мазаррати ӯ он аст, ки онро муаккад кунад ва дар дили эшон собит гардонад, бадон чи доъия ва ҳирси эшон бар исрор бар он қавӣ шавад, валекин ин мазаррат ба воситаи он таАССУб бошад, ки аз ҷадал зояд. Ва барои ин аст, ки эътиқоди оммии мубтадеъро аз роҳи лутф ба зудӣ зоил тавон кард, магар нашви ӯ дар шаҳре буда бошад, ки ҷадал ва таАССУб зоҳир бувад, чи агар мутақаддимон ва мутаахҳирон фароҳам оянд, бидъатро аз вай дур натавонанд кард, бал ҳаво ва таАССУб ба душманоягии хасмони муҷодил ва мардумони мухолиф бар дили вай муставлӣ шавад ва аз идроки ҳаққ манъ кунад, то ҳадде, ки гуфта шавад: «Хоҳӣ, ки Ҳаққ таъоло туро мункашиф гардонад ва ба муояна таъриф фармояд, ки хасм ҳаққ мегӯяд ин туро?» Кароҳият дорад, аз бими он ки хасми ӯ бад-он шод шавад. Ва ин дарде азим аст, ки дар шаҳрҳо миёни мардумон соир шудааст ва он навъи фасодест, муҷодилон ба таАССУб ангехтаанд. Пас зарари калом ин аст, ки тақрир афтод.

Ва аммо манфиати калом ҷамоате пиндоранд, ки фоидаи он кашфи ҳақоиқ бошад ва маърифати чизҳо чунон ки ҳаст. Ҳайҳот! Ин матлуби шариф аз калом ҳосил нашавад ва шояд, ки ташвишу тазлил дар он беш аз кашфу таъриф бувад. Ва ин сухан чун аз муҳаддисе ё аз ҳашавие¹ бишнавӣ, раво ки дар хотират ояд, ки мардумон он чи надонанд, онро душман доранд. Пас аз касе бишунав², ки дар

¹ Ҳашави - (бо фатҳа ё сукуни «шин» мансуб ба «ҳашоъ» ё «ҳашв»), касе, ки аз завоҳири аҳодис пайравӣ мекунад (Шарҳи Забидӣ).
² Яъне сухане аз ман, ки Муҳаммади Ғаззолӣ ҳастам, бишнав, ки ...

пешина
аз 567
навбатӣ