Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

тафсил чора нест. Ва аввал бибояд донист, ки чизеро, ки ҳаром гӯянд ду қисм аст:

Яке он ки барои зоти худ ҳаром бошад, чун ҳамру мурдор, яъне иллати таҳрими вай сифате бошад дар зоти ӯ, чун маст кардан ва мурдан. Ва чун аз ин қисм пурсанд, мутлақ бигӯям, ки ҳаром аст ва бад-он нанигарем, ки мурдор дар ҳоли изтирор ва ҷуръае ҳамр дар он ҳоле, ки луқмае дар гулӯ гирад ва чизе наёбад, ки онро фурӯ барад, мубоҳ аст.

Ва дуввум он ки ҳаромии вай барои чизе дигар бувад, чун байъ бар байъи бародари мусулмон [дар вақти хиёр] ва байъ дар вақти бонги намози ҷумъа ва чун гил хӯрдан ба сабаби мазаррат ҳаром аст. Ва ин ду навъ аст:

Яке он ки андаку бисёри ӯ зиёнкор аст. Ва ин қисмро мутлақ ҳаром гӯянд, чун заҳр [ки] андаку бисёри ӯ кушанда аст.

Дуввум он ки чун бисёр шавад, зиён дорад. Ва ин қисмро мутлақ мубоҳ хонанд, чун ангубин, ки бисёри ӯ махрурро1 зиёнкор аст.

Чун хӯрдани гил ва ҳамрро мутлақ ҳаром гуфтан ва ангубинро мутлақ ҳалол хондан ба эътибори ағлаби аҳвол аст. Пас, агар чизе бошад, ки аҳвол дар вай мутасовӣ ва мутақобил бувад, авло он бошад ва аз илтибос2 дуртар он бувад, ки тафсил кунем.

Чун ин муқаддима маълум шуд, ба илми калом бозгардем ва гӯем: «Дар ӯ манфаат ва мазаррат аст ба эътибори манфаат дар вақти интифоъ ҳалол аст, ё мандуб, ё воҷиб, чунон ки3 ҳол иқтизо кунад ва ба эътибори мазаррат дар вақти тазаррур ва ба маҳалли он [116] ҳаром аст».

1 Махрур — табдор.
2 Илтибос — пӯшидагӣ, шакку шубҳа.
3 Чунон ки — чунон чи.

пешина
аз 567
навбатӣ