Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
шунидам он рӯз, ки бо Ҳафси Фард мунозара кард – ва ӯ аз мутакаллимони мӯътазила буд – мегуфт: «Ба ҳар гуноҳ, ки ҷуз аз ширк аст, банда Худойро бинад беҳ аз он ки бо чизе аз калом». Ва ман аз Ҳафси Фард сухане шунидам, ки наметавонам, ки ҳикоят кунам. Ва низ гуфт: «Аз аҳли калом бар чизе мутталеъ шудам, ки ҳаргиз гумон набурда будам. Ва банда ба ҳамаи манҳиёт берун аз ширк мубтало шавад, беҳ аз он ки дар калом нигарад».
Ва Каробисӣ ҳикоят кард, ки Шофеъиро аз чизе аз калом пурсиданд, дар хашм шуд ва гуфт: «Аз ин Ҳафси Фард ва асҳоби вайро – аҳзоҳуму-л-Ллоҳ – бояд пурсид». Ва чун Шофеъӣ ранҷур шуд, Ҳафси Фард ба иёдат рафт ва гуфт: «Ман кистам?» Фармуд: «Ҳафси Фард, Худой туро нигоҳ мадород ва риоят макунод, то аз он чӣ дар онӣ, тавба кунӣ». Ва низ гуфт: «Агар мардумон бидонанд, ки дар калом чӣ ҳавохост, аз он ҳамчунон гурезанд, ки аз шер». Ва ҳам-ӯ гуфт: «Чун аз касе шунави, ки мегӯяд исм мусаммо аст ё ғайри мусаммо, гувоҳӣ деҳ, ки аз аҳли калом аст ва дин надорад».
Заъфаронӣ ривоят кард, ки Шофеъӣ гуфт: «Ҳукми ман дар аҳли калом он аст, ки эшонро чӯб зананд ва дар қабилаҳо бигардонанд ва гӯянд, ки ин сазои он кас аст, ки Китобу суннат бигузорад ва калом гирад».
Ва Аҳмади Ҳанбал гуфт: «Соҳиби калом ҳаргиз накӯӣ наёбад ва ҳеҷ кас дар калом нанигарад, ки на дар дили вай фасоде бувад». Ва дар ин боб муболигат кард, то Ҳориси Муҳосибиро бо камоли зуҳду варъи ӯ маҳҷур гардонид ба сабаби китобе, ки дар радди мубтадеон тасниф карда буд ва гуфт: «На аввал бидъати эшон меорӣ, пас рад мекунӣ? Ва бад-ин тасниф мардумонро боис мебошӣ бар мутолааи бидъат [162] ва тафаккур дар он шубҳаҳо ва он эшонро доъӣ мешавад ба дидан ва баҳс кардан». Ва ҳам-ӯ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор