Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ки аз соликони роҳи охират бошад ва тавфиқи вайро мусоадат кунад, то ба амал машғул шавад ва тақворо лозим гирад ва нафсро аз ҳаво боздорад ва рӯй ба муҷоҳада ва риёзат орад, дарҳое аз ҳидоят бар вай кушода гардад, ки ҳақоиқи ин ақида бар вай мункашиф гардонад ба нури Илоҳӣ, ки дар дили вай афтад ба сабаби муҷоҳада бар ҳукми таҳқиқ ва адли Илоҳӣ, ки фармудааст: «Ва-л-лазина ҷоҳаду фино ланаҳдия-н-наҳум субулано»1. Ва он ҷавҳарест, ки ғояти сиддиқон ва муқаррабон аст. Ва сирре, ки дар дили Бӯбакр қарор гирифта буд ва ӯ бад-он бар халқ муфаззал шуда, ишора ба он аст. Ва инкишофи [161] он сирр, бал он асрорро дараҷот аст бар андозаи дараҷоти муҷоҳада ва дараҷоти ботин дар покии аз ҷуз Худой ва талаби рӯшноӣ аз нури яқин. Ва он чун тафовути халқ аст дар асрори тиббу фиқҳ ва дигар илмҳо. Чи [он ба] ихтилофи кӯшиш ва ихтилофи фитратҳо дар зако ва фитнат2 мухталиф шавад. Ва чунон ки ин дараҷот мунҳасир нест, ин ҳам мисли он аст.
Суол: Тааллуми ҷадалу калом накӯҳида аст, чун тааллуми нуҷум ё мубоҳ [ё мандуб]?
Ҷавоб: Бидон, ки мардумон дар ин ғулувв ва исроф кардаанд ва сухан дар атроф ронда. Баъзе гуфтаанд бидъат аст ва ҳаром ва бо ҳар гуноҳ, ки банда Худойро бинад, ба ҷуз аз ширк, беҳ аз он ки бо калом. Ва баъзе [гуфтаанд] воҷиб аст ва фарз — иммо фарзи кифоят ва иммо фарзи айн — ва фозилтарини илмҳо ва баландтарини қурбатҳост, бад-он чи таҳқиқи илми тавҳид аст ва нусрати дини Худой.
Ва Шофеӣ ва Молик ва Аҳмади Ҳанбал ва Суфён ва ҳамаи аҳли ҳадис аз салаф — разия-л-Лоҳу анҳум — ба таҳрим моил шудаанд. [Ибни] Абдулаъло гуфт: «Аз Шофеӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор