Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Муқаддимаи мураттиби ин чопи кириллӣ
"риёзия", "шаръия", "вазъия" ва "фалсафияи ҳақиқия" тақсим намуданд1. Абулҳасан Омирӣ дар навбати худ онҳоро ба ду даста, яъне шаръӣ ва фалсафӣ ҷудо кардааст2. Ибни Ҳазм ин илмҳоро ба ҳафт гурӯҳ табақабандӣ намудааст, ки се дастаи онҳо илмҳои шаръӣ, таърих ва забон дар байни уммати гуногун буда, фалсафа, тиб, риёзиёт ва нуҷум муштарак мебошанд. Ибни Надим низ дар абвоби "ал-Феҳрист"-и худ ин тақсимбандии илмҳои шаръӣ ва адабиро аз илмҳои дахила нишон додааст. Шаш мақолаи "Абвобу-л-феҳрист" дар илмҳои адабӣ ва шаръӣ буда, чаҳор мақолаи дигараш дар фалсафа ва илмҳои дахила ихтисос дода шудаанд.
Ғаззолӣ дар фарқият аз мутафаккирони зикршуда, баъд аз табақабандии илмҳо ба шаръӣ ва ғайришаръӣ ҳар яке онҳоро дар навбати худ ба қисмҳо ҷудо месозад. Аммо кори Ғаззолӣ дар ин ҷо танҳо тақсимбандӣ набуда, балки тамоми ин донишҳоро дар иртибот ба меъёрҳои тарбиятии худ арзёбӣ ва арҷгузорӣ намудан аст. Табақабандии илмҳо аз нигоҳи Ғаззолӣ дар ду гурӯҳ бино шудааст:
-
Ба меъёрҳои ахлоқӣ (маҳмуд ва мазмум — хубу бад);
-
Ба меъёрҳои мактабӣ (ҳаққу ботил)
Мутобиқи тақсимбандии Ғаззолӣ илмҳое, ки шаръӣ нестанд ба се гурӯҳ, яъне "маҳмуд", "мазмум" ва «мубоҳ" ҷудо мешаванд.
Илмҳои ғайришаръии маҳмуд, яъне хуб, дар баёни Ғаззолӣ, илмҳое ҳастанд, ки "масолеҳи дунё бад-он боз баста аст", аз қабили тиббу ҳисоб. Ин илмҳо низ аз ҷониби мутафаккир ба ду қисм - фарзи кифоят ва фазилат тақсим гардидаанд. Ба гурӯҳи фарзи кифоят ба
1 Ниг.: Рисолот ихвону-с-сафо. — Қоҳира, 1963. — С. 201-202.
2 Ниг.: Омирӣ Абулҳасан. ал-Эълон. — Қоҳира. 1967.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё