Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Тамоми илмҳое, ки дар табақабандии Ғаззолӣ ҷузъи илми «фарзи кифоят» маҳсуб мегарданд ба ду даста – шаръӣ ва ғайришаръӣ тақсим шудаанд. Ин табақабандии илмҳо ба ду гурӯҳ, яъне шаръӣ ва ғайришаръӣ ихтирои Ғаззолӣ набуда, тақсими қадима ва ривоҷёфтае дар байни илмҳои ҷаҳони ислом маҳсуб мегардад, ки ҳанӯз аз қарни дуввуми ҳиҷрӣ - қарни тадвину таълиф ва тарҷума, по ба арсаи вуҷуд ниҳодааст. Ҳангоми тақсимбандии илмҳо дар қарни дуввуми ҳиҷрӣ ба ду дастаи мустақил, ҳам мавқеи улуми шаръӣ аз қабили илмҳои қуръонӣ, ҳадис ва фиқҳро, ки бо пайдоиши ислом инкишоф ёфта буданд ва инчунин илмҳоеро, ки дар фарҳанги пеш аз исломӣ, чун шеъру адабу таърих ҷой доштанд ва фалсафаву шоҳаҳои онро, ки аз забони юнонӣ ва сириэй ба арабӣ тарҷума гардида буданд, мадди назар гирифтаанд.
Фарқияти ин ду даста илмҳо танҳо дар гуногуншаклие, ки асоси пайдоиши онҳо набуд зоҳир гардидааст. Аксарияти муаллифон аз қабили Хоразмӣ, намояндагони «Ихвону-с-сафо», Ибни Ҳазм, Абӯлҳасани Омирӣ ва ғайраҳо, ки ба табақабандии илмҳо дар чаҳорчӯбаи ин ду гурӯҳ даст зада буданд, онҳоро на дар якҷоягӣ, балки ба шакли ҷудогона тақсим кардаанд. Ҳангоми таҳлилу муқоисаи тақсимбандии онҳо, ба хусус дар номгузорӣ (этимология) тағйиротҳои мухталифе ба чашм мерасад. Масалан, Хоразмӣ дар ин ду илм аз онҳо бо номи «улуми араб», «улуми аҷам», «улуми шариа» ва «улуми дахила» ишора кардааст2. Намояндагони «Ихвону-с-сафо» бошанд, ин илмҳоро ба қисмҳои
1 Ғаззолӣ. Эҳёи улуми-д-дин. Рубъи ибодот. – С. 50.
2 Ниг: Хоразмӣ. Мафотеҳу-л-улум. Тарҷумаи Ҳидевҷам. – Теҳрон, 1347.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё