Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

БАЁНИ ОН ЧИ АЗ АЛФОЗИ
УЛУМ БАДАЛ ШУДААСТ

Бидон, ки маншаи пӯшида шудани илмҳои накӯҳида ба илмҳои шаръӣ гардонидани номҳои сутуда аст ва табдили он ва нақли он ба ғаразҳои фосид сӯи маъниҳое ҷуз он ки салафи солеҳ ва қарни аввал хостаанд. Ва он панҷ лафз аст: фиқҳ, илм, тавҳид, тазкир ва ҳикмат. Ва ин номҳо сутуда аст ва мавсуфон бад-он арбоби маносибанд дар дин, валекин дар ин аср онро ба маъниҳои накӯҳида нақл кардаанд. Ва дил аз накӯҳиши мавсуфон бад-он маонии накӯҳида – бад-он чи эшонро бад-ин номҳои сутуда мехонанд – нафрат мегирад.

Лафзи аввал фиқҳ аст ва дар он ба¹ тахсис тасарруф кардаанд, на ба нақлу таҳвил, чи онро ба шинохтани фаръҳои ғариб аз фатовӣ ва донистани дақоиқи илали он ва бисӯрии сухан дар он ва ҳифзи қавлҳо, ки бад-он мутааллиқ аст, махсус гардонидаанд. Ва ҳар кӣ тааммуқи ӯ дар он қавитар аст ва машғулии ӯ бад-он бештар, ӯро фақеҳтар мегӯянд. Дар асри аввал донистани роҳи охират ва шинохтани офатҳои нуфус ва он чи аъмолро табоҳ кунад [55] ва қуввати иҳотат ба ҳақорати дунё ва муболағат дар чашм доштани неъмати охират ва муставлӣ шудани тарс бар дилро «фиқҳ» гуфтандӣ. Ва далели ин қавли Худой таъоло аст: «Лиятафакқаҳу фи-д-дини ва лиюнзиру қавмаҳум изо раҷаъу илайҳим»². То фиқҳ омӯзанд дар дин ва бим кунанд гурӯҳи худро чун бад-эшон боз гарданд. Ва он чи бим кардан ва тарсонидан бад-он бошад, ин илм ва ин фиқҳ аст, на фаръҳои талоқу лиъон ва саламу иҷорат, чи аз он биму

1 Ба – бо.
2 Тавба, 9:122.

пешина
аз 567
навбатӣ