Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
корҳои пазируфтаи судманди наздикгардонданда ба Ҳаққ таъоло ва аз корҳои дурафкананда аз вай ва ҳамчунин аз эътиқодҳо ва тамаъ аз он мунқатъ аст. Пас, туро аз суди ақл ин бас аст, ки ба сидқи Пайғомбарон роҳ намояд ва мавориди ишорати эшон мафҳум гардонад. Пас аз он ақлро аз тасарруф маъзул кун ва мутобаатро лозим гир, ки наҷот наёбӣ ҷуз бад-он. Ва барои он Пайғомбар – алайҳи-с-салом – фармуд: «Инна мина-л-илми ҷаҳлан ва инна мина-л-қавли иёлан»¹. Ва маълум аст, ки илм ҷаҳл набошад, валекин зиёнкор бошад, чунон ки ҷаҳл зиёнкор аст.
[Мутарҷим мегӯяд:] «Ва «иёлан»-ро ду маъни гуфтаанд: Яке он ки сухан бо касе гӯяд, ки вайро нахоҳад ва дуввум он ки сухане бошад, ки зиёни он ба вай бозгардад, чунон ки маунат² ва табъати³ аёл ва «аялан» ҳам ривоят кардаанд.
Ва низ фармуд: «Қалилун мина-т-тавфиқи хайрун мин касири-л-илм». Ва Исо – алайҳи-с-салом – гуфт: «Дарахтони нек бисёранд ва ҳама мевадор наянд ва мева дар ғояти касрат аст ва ҳама хуш нест ва илмҳои бисёр аст ва ҳама судманд нест».
¹ Дар Шарҳи Забидӣ: (ва инна мина-л-қавли иболан) ва-л-ибол касаҳобин арзу-л-ҳадис ало ман ло юридух.
² Маунат – нафақаи иёлу хонавода.
³ Табиат – кайфар, фарҷоми бад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо