Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
шастӣ ва мӯйи рӯй шона фармудӣ ва тааттур кардӣ ва дар нишастан бовиқору ҳайбат мутамаккин шудӣ, пас ҳадис ривоят кардӣ. Боре дар ин маъни калимае рафт, фармуд ки дӯст дорам, ки ҳадиси Пайғомбарро таъзим кунам. Ва ӯ гуфт, ки илм нурест, ки Ҳаққ таъоло онро, ки хоҳад диҳад ва он ба касрати ривоят нест. Ва ин таъзиму эҳтиром далел аст бар қуввати маърифати ӯ ба ҷалоли Ҳаққ таъоло.
Ва аммо иродати ӯ ризои Ҳаққ таъолоро ба илм далел бар он қавли ӯст, ки фармудааст: «Муҷодала дар дин чизе нест». Ва низ он чи Шофеӣ гуфтааст, ки Моликро дидам, ки чиҳилу ҳашт масъала аз вай бипурсидаанд, дар сию ду «ло адрӣ» гуфт. Ва ҳар кӣ ҷуз ризои Ҳаққ таъоло талабад, нафси ӯ мусомаҳат нанамояд, ки ба нодонӣ иқрор кунад. Ва бад-ин сабаб Шофеӣ гуфт, ки чун зикри уламо равад Молик ситораест ва ҳеҷ касро бар ман он миннат нест, ки Моликро. Ва ривоят кардаанд, ки Абӯҷафари Мансур вайро аз ривояти ҳадисе, ки дар талоқи макруҳ омадааст, манъ кард, пас пинҳон касе фиристод то аз вай бипурсад. Ӯ бармало1 ривоят кард: «Лайса ало мустакраҳин талокун»2. Бӯҷафар бад-ин сабаб вайро ба тозиёна бизад ва ӯ ривояти ин ҳадис нагузошт. Ва Молик гуфт: «Ҳеҷ марде дар ҳадис содиқ набувад ва аз дурӯғ эҳтироз накунад, ки на ба ақл муматтаъ бошад ва дар пирӣ аз офати хараф масун»3.
Ва аммо зуҳди ӯ дар дунё далел бар он аст, ки ривоят кардаанд, ки амирулмӯъминин Маҳдӣ аз вай пурсид, ки туро сарое ҳаст? Гуфт: «На, валекин дар ин боб бар ту
1 Бармало — ошкоро, ошкору хувайдо ва бармало ҳам гуфта мешавад.
2 Бар карохатдоранда талоқ нест, яъне мардро наметавон маҷбур ба талоқ кард.
3 Дар нусхаи Маҷлис: «Ва Молик гуфт: «Ҳеҷ марде нест, ки дар ҳадиси худ содиқ бошад ва аз дурӯғ эҳтироз кунад, магар ба фазли вай ба ақли худ муматтаъ бошад ва дар пирӣ аз офати хараф масун бувад», ки бо матн ҳаммаъност.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо