Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Пас бингар, ки мардумон чӣ гуна дар як хислат аз ин панҷ вайро мутобеанд ва дар чаҳори дигар мухолиф! Ва барои ин Бӯсавр гуфт: «Мисли Шофеъӣ на ман дидам, на бинандагони дигар». Ва Аҳмади Ҳанбал гуфт: «Чиҳил сол аст, ки ҳеҷ намозе нагузордам, ки на Шофеъиро дуо гуфтам». Пас дар инсофи дуогӯянда ва дараҷаи он ки вайро дуо гуфт бингар ва ақрон ва амсолро аз уламои ин рӯзгор ва он чӣ миёни эшон аст – аз кина ва душманоягӣ – бо он муқобала кун, то тақсири эшон дар даъвии иқтидо ба дини бузургон бидонӣ. Ва аз бисёри он ки Аҳмади Ҳанбал вайро дуо гуфтӣ писараш пурсид, ки Шофеъӣ чӣ марде будааст, ки вайро чандин дуо мегӯӣ? Аҳмад гуфт: «Эй писар, Шофеъӣ чун хуршед будааст дунёро ва чун офият мардумонро. Бингар, ки аз ин ҳар ду ҳеҷ халқе тавонад буд?» Ва Аҳмад гуфт: «Ҳеҷ кас миҳбара ба даст нагирад, ки миннати Шофеъӣ дар гардани вай набвад». Ва Яҳё Саид Қаттон гуфт: «Чиҳил сол аст, ки ҳеҷ намозе нагузордам, ки на Шофеъиро дар он дуо гуфтам, барои он ки Ҳаққ таъоло дари илм бар вай бигшода буд ва вайро дар он тавфиқи садод¹ бахшида».

Ва бар [ин] миқдори андак аз аҳволи ӯ иқтисор намоем, ки он аз шумор берун аст. Ва бештари ин маноқиб аз китобе, ки Хоҷа Наср Иброҳими Мақдисӣ – раҳимаҳу-л-Ллоҳ – сохтааст дар маноқиби Шофеъӣ – разия-л-Лоҳу анҳу – нақл кардаем.

Ва аммо Молик – раҳимаҳу-л-Ллоҳ – низ бад-ин панҷ хислат мутаҳаллӣ буд. Чӣ аз вай пурсиданд, ки дар талаби илм чӣ гӯйӣ? Гуфт: «Дар накӯӣ ва хубии он шакке нест, валекин бингар он чизро, ки аз субҳ то шом лозими ту аст, ту онро лозим гир». Ва ӯ – раҳимаҳу-л-Ллоҳ – дар таъзими илми [47] дин муболиғ буд, то ба ҳадде ки чун хостӣ, ки ҳадисе ривоят кунад, вузӯ сохтӣ ва дар садри бисот ни-

¹ Садод – ростиву дурустӣ дар кирдор ва гуфтор.

пешина
аз 567
навбатӣ