Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
табобеи вилоят ва салтанат аст. Ва чун Умар - разия-л-Лоҳу анҳу - вафот кард, Абдуллоҳи Масъуд гуфт: «Нӯҳ ушри илм вафот кард». Вайро гуфтанд: «Ин сухан мегӯӣ ва бузургони саҳоба дар миёни мо». Гуфт: «Илми фатво ва аҳком намехоҳам ва муроди ман ҷуз илм ба Ҳаққ таъоло нест». Пас, чӣ мепиндорӣ, ки бад-ин илм санъати калом ва ҷадал хостааст? Пас чӣ афтодааст туро, ки ҳарис най бар маърифати илме, ки ба вафоти Умар [нӯҳ ушри он] вафот кард? Ва ӯ он буд, ки [41] роҳи калому ҷадал бубаст ва Сабиғро, ки аз таорузи ду оят бипурсид, ба дурра бизад ва маҳҷур кард [ва мардумонро низ ба он фармудӣ]¹.
Ва аммо ин чӣ гуфтӣ, ки машоҳири уламо фуқаҳо ва мутакаллимонанд, бидон, ки он чӣ дар ҳазрати Ҳаққ таъоло бад-он фазл бошад, чизест ва он чӣ миёни халқ бад-он шӯҳрат бувад, чизи дигар аст. Чӣ шӯҳрати Бӯбакр ба хилофат буд ва фазилати вай ба сирре, ки дар синааш ором дошт ва шӯҳрати Умар ба сиёсат ва фазли ӯ ба илме, ки нӯҳ ушри он ба вафоти ӯ вафот кард ва ба қасди тақарруб ба Ҳаққ таъоло дар вилояту адл ва шафқат бар халқ [кӯшид] ва он кори [ботин] аст. Ва аммо дигар афъоли вай, ки зоҳир буд, судури он аз толиби ҷоҳу ном ва сумъа² ва роғиби [дар шӯҳрат] мутасаввар аст.
Пас шӯҳрат дар он аст, ки муҳлик аст ва фазл дар он ки сирр аст ва бар он иттилоъ на. Ва фуқаҳо ва мутакаллимон чун хулафо ва қузотанд ва ҳар кӣ аз эшон ба илму фатво нусрати суннати Ҳаққро хостааст, на риёву сумъаро, ӯ аҳли ризвон аст.
Ва фазли ӯ назди Ҳаққ таъоло бад-он аст, ки ба илм амал кардааст ва ба фатвову назар ризои Ҳаққ таъоло хоста, чӣ ҳар илме амал аст, бад-он чӣ феъле муктасаб аст ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё