Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ҳар амале илм нест. Ва табиб тавонад, ки тақарруб намояд ба Ҳақ таъоло ба илми худ, пас савоб ёбад бар он аз он рӯй, ки коре барои Худой кардааст. Ва султон тавассус кунад миёни халқ ва дар ҳазрати Ҳаққ таъоло бад-он писандида бошад, на аз он рӯй, ки мутакаффили илми дин аст, бал мутақаллиди амалест, ки бад-он тақарруб намудааст ба Ҳаққ таъоло.

Ва он чӣ дар ҳазрати Ҳаққ таъоло ба он тақарруб намоянд се қисм аст: илми муҷаррад ва он илми мукошафа аст ва амали муҷаррад, чун адли султон, масалан ба забти ӯ мардумонро ва мураккаб аз илму амал, чун илми роҳи охират, ки соҳиби он ҳам аз олимон аст ва ҳам аз омилон. Пас, дар худ нигар, ки рӯзи қиёмат аз зумраи олимони Худой бошӣ ё аз ҷумлаи омилони Худой, ё аз ҳар ду ва бо ҳар фариқе аз эшон насиби худ бигирӣ. Ва ин туро муҳимтар аз тақлид аст ба муҷарради шӯҳрат.

Шеър
Хуз мо тароҳу вадаъ шайан самиъта биҳи,
Фи талаати-ш-шамси мо юғника ан Зуҳали.

Ай, дидаро бигир ва шунидаро бигзор, чӣ дар талъати хуршед бениёзӣ аст аз Зуҳал.

Бо он чӣ ки мо аз сирати фуқаҳои салаф он қадар нақл хоҳем кард ки бад-он бидонӣ, ки муддаиёни мазоҳиби эшон бар эшон зулм кардаанд ва арбоби мазоҳиб рӯзи қиёмат эшонро қавитар хасме хоҳанд буд, чӣ мақсуди эшон аз илм ҷуз ризои Ҳаққ таъоло набуд ва аз аҳволи эшон он мушоҳада афтодааст, ки аломоти уламои охират аст чунончӣ дар боби «аломоти уламои охират» баёни он хоҳад омад. Ва эшон илми фиқҳро мутаҷаррид1 набудаанд, бал муштағил буданд ба илми дилҳо ва онро муроқабат наму-

1 Мутаҷаррид - муҷаррадшаванда, танҳо машғулшаванда.

пешина
аз 567
навбатӣ