Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ҳосиби». Гуфт: «Аз илму адаби ӯ бигир ва тақсими ӯ каломро ва радди ӯ бар мутакаллимон бигзор». Ва чун рӯй бигардонидам шунидам, ки мегуфт: «Ҳаққ таъоло туро соҳибҳадисе сӯфӣ гардонод ва сӯфие соҳибҳадис магардонод!» Ишорат кард бад-он, ки ҳар кӣ ҳадису илм ҳосил кунад, пас тасаввуф ва тааллух1 барзад2, растагор бошад ва ҳар кӣ пеш аз илм тасаввуф барзад, худро дар хатар андохта бошад.
Мутарҷим мегӯяд, ки дар ин сухан ишорате дигар ҳаст. Ва он он аст, ки ҳар касеро, ки дар сулуки тасаввуф ва тааллух қадаме бошад, агар дар барзидани илмҳои зоҳир ва тафриоти он муболағат кунад, ҷуз барои талаби ҷоҳу мол натавонад буд. Чӣ мақсуди динӣ чун ҳосил шудааст, итноб дар машғулӣ [ба васоит] ва васоили он ваҷҳ надорад.
Суол: Агар гӯйӣ: «Чаро дар ақсоми илмҳо калом ва фалсафаро наёвардӣ ва баён накардӣ, ки он ҳар ду накӯҳидаанд ё сутуда?».
Ҷавоб: Пас бидон, ки он чӣ илми калом бар он муштамил аст – аз далелҳое, ки бад-он манфаат тавон кард –
Қуръон ва ахбор бар он муштамил аст. Ва он чӣ аз он3 берун аст, ё муҷодалаи накӯҳида аст, ки аз бидъатҳост ва ё
шағаб кардан аст бад-он чӣ ин сухани фалон [ё посухи] сухани вай аст ва дароз кашидан ба нақли мақолатҳое, ки
бештари он турраҳот ва ҳазаёнот аст, ки табъҳо онро ҳақир
дорад ва самъҳо қабул накунад. Ва баъзе аз он хавз аст дар
он чӣ тааллуқ ба дин надорад ва маълуфи асри аввал набудааст. Ва хавз дар он ба куллият аз бидъатҳо бувад, валекин акнун ҳукми он гаштааст4 чӣ бидъатҳо, ки аз Қуръон
1 Тааллух – порсоӣ.
2 Барзад – барзидан, варзидан.
3 Аз Қуръон ва ахбор.
4 Гаштааст – тағйир кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё