Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

фиқҳ – хосса дар хилофиёт ва ҷадалиёт – барҳам меафтанд, бо он чӣ шаҳр пур мебошад ба касоне, ки фатво ва ҷавоби воқеот тавонанд гуфт.

Пас кошкӣ бидонаме, ки дин чӣ гуна рухсат диҳад [фақеҳонро] дар машғулӣ ба фарзи кифоят, ки ҷамоате бад-он қиём намуда бошанд ва гузошти [он чӣ] ҳеҷ кас бад-он қиём нанамуда бошад. Оё инро ҳеҷ сабабе бошад, ҷуз он ки талаби василати тавлияти авқофу васоё ва ҷамъи молҳои ятимон ва тақаллуди қазо ва ҳукумат ва пешӣ ҷустан бар ёрон ва даст ёфтан бар ҳасмон нест? Ҳайҳот-ҳайҳот! Илми дин ба талбиси уламои бад мундарис шудааст. Пас Ҳаққ таъоло мустаон аст ва бад-Ӯ паноҳ аст дар боздошт хостан аз фиребе, ки ҳашми Раҳмон бор орад ва девро бихандонад ва парҳезгорони уламои зоҳир ба фазли уламои ботин ва арбоби дилҳо эътироф намудаанд.

Шофеъӣ - разия-л-Лоҳу анҳу - пеши Шайбони Роъӣ - раҳимаҳу-л-Лоҳ - чунон нишастӣ, ки кӯдак дар мактаб [38] нишинад ва бипурсӣд ӯро, ки фалон ва фалон кор чӣ гуна кунем? Пас вайро гуфтанд, ки чун ту бузурге аз ин рустӣ бипурсад? Гуфт: «Ҳаққ таъоло вайро тавфиқи он чӣ мо намедонем, додааст».

Ва Аҳмади Ҳанбал ва Яҳёи Муин бари Маъруфи Кархӣ рафтандӣ – ва ӯ дар илми зоҳир ба манзалати эшон набуд – ва аз вай пурсидандӣ. Ва чӣ гуна бар ин ҷумла набошад, ки Пайғамбар – алайҳи-с-салом -- чун вайро пурсиданд, ки агар воқеае бошад, ки дар Китоб ва суннат онро наёбем, чӣ кунем? Фармуд, ки аз солеҳон бипурсед ва бо эшон машварат кунед. Ва барои он гуфтанд, ки уламои зоҳир ороиши замин ва мулканд ва уламои ботин ороиши осмон ва малакут.

Ҷунайд гуфт, ки пири ман Сарӣ пурсид, ки чун аз бари ман биравӣ, бо кӣ ҳамнишинӣ кунӣ? Гуфтам: «Бо Му-

1 Коҷкӣ - кош, кошкӣ.

пешина
аз 567
навбатӣ