Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Суол: Агар гӯйӣ ин сухан дар аҳқоми ҳаддҳо ва ҷароҳатҳо ва ғароматҳо ва қатъи хусуматҳо рост бувад, [аммо] дар он чи дар «Рубъи ибодот» аст – аз рӯзаю намоз – ва дар он чи дар «Рубъи одот» аст – аз баёни ҳалолу ҳаром – рост набвад.
Ҷавоб: Пас бидон, ки наздиктарин чизе, ки фақеҳ дар он сухан гӯяд аз корҳое, ки он корҳои охират аст, се аст: ислом, намозу закот ва ҳалолу ҳаром. Ва чун ғояти назари фақеҳро дар он се боб тааммул кунӣ, бидонӣ, ки аз ҳадди дунё дарнамегузарад ва ба охират намерасад. Ва чун ин маъни дар ин се боб [32] бидонистӣ дар ғайри он зоҳиртар бувад.
Аммо ислом: сухани фақеҳ дар сиҳҳату фасоди он бошад ва дар шрути он ва илтифоти вай дар он ҷуз ба забон набвад.
Аммо дил аз вилояти фақеҳ берун аст, чи Пайғомбар – алайҳи-с-салом – арбоби шамшер ва салтанатро аз он маъзул кардааст, чи дар ҳадис омадааст, ки [ғозие] шахсеро, ки дар ҳоли ҷанг калимаи тайиба ба забон ронд, бикушт. Пайғомбар – алайҳи-с-салом – ба он ғозӣ итоб фармуд ва ӯ узри худ бар ин ҷумла ба тамҳид расонид, ки вай аз бими шамшер ин калима бар забон ронд. Пайғомбар фармуд: «Ҳалло шақақта ан қалбиҳи?» яъне, иттилоъ бар ҳоли дил муяссар нест. Пас дар ҳукми дунё ба зоҳир иктифо бояд намуд, балки фақеҳ ҳукм кунад ба сиҳҳати исломи касе, ки дар сояи шамшер ислом орад бо он чӣ медонад, ки шамшер шубҳатеро аз вай кашф накарда бошад ва пардаи ҷаҳлу ҳайратро аз дили вай барнадошта. Валекин, фақеҳ мушир ва муаллими соҳибшамшер аст, чӣ даст дар моли вай кушодааст ва теғ барои гардани вай кашида ва ин калима бар забон рондан рақаба ва моли вайро нигоҳ медорад, то он гоҳ, ки вайро рақаба ва мол аст. Ва ин дар дунёст. Ва барои он Пайғомбар – алайҳи-с-салом – гуфтааст: «Умирту ан уқтила-н-носа ҳатто якулу ло Илоҳа илла-л-Лоҳу фаизо қолуҳо фақад асаму миннӣ димоаҳум ва амволаҳум». Асари он калима гуфтанро дар исмати хуну мол таъйин фармуда. Ва аммо дар охират муҷарради ақволро нафъе набошад, балки дар он анвори дилҳо ва асрору ихлоси он манфаат кунад ва он аз фанни фиқҳ нест. Ва агар фақеҳе дар он хавз кунад, ҳамчунон бувад, ки дар фанни калому тиб хавз карда бошад ва аз фанни худ берун омада.
Ва аммо намоз ҳар кӣ сурати аъмоли он бо зоҳири шурут ба ҷой орад фақеҳ ба сиҳҳати намози вай фатво диҳад, агарчӣ дар кулли намоз аз аввали он то ба охир ғофил буда бошад ва машғул ба тафаккур дар ҳисоби муомалоти бозор, магар ба вақти такбир. Ва ин намоз дар охират бас манфаате накунад, чунон ки муҷарради қабул дар ислом манфаат накунад, валекин фақеҳ ба сиҳҳати он фатво диҳад; Ай, бад-ин чӣ бикард, фармонбардории сиғаи амр ҳосил шуд ва куштан ё таъзир аз вай барафтод.
Ва аммо хушӯъ ва ҳузури дил ки кори охират аст ва амали зоҳир бад-он манфаат кунад, фақеҳ мутаарризи он набошад ва агар тааррузи он кунад, аз худ берун омада бувад.
Ва аммо закот фақеҳ дар он нигарад, ки талаби султон бад-он мунқатеъ шавад то ба ҳадде, ки агар касе имтиноъ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё