Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Ва лаамрӣ¹, ки фиқҳ ба охират ҳам тааллуқ дорад, валекин на ба нафси худ, бал ба восиatai дунё, чи дунё мазрааи охират аст. Ва дин тамомом нашавад магар ба дунё. Ва мулку дин ду бародари ҳамзоданд ва дин асл аст ва мулк нигаҳбони он ва ҳар чиро асл небошад, бирон² бувад ва ҳар чиро нигаҳбон небошад, зоеъ шавад. Ва мулку забт ба камол нарасад магар ба султон³ ва тариқи забт дар қатъи хусуматҳо ба фиқҳ аст.
Чунон ки забти мардумон ба салтанат аз илми дин дар мартабаи аввал нест, бал ёридиҳанда аст бар он чи дин тамомом нашавад магар бад-он, пас маърифати тариқи сиёсат ҳамчунин бувад. Ва маълум аст, ки ҳаҷ тамомом нашавад магар ба бадрақае, ки дар роҳ аз араб⁴ нигоҳ дорад. Валекин ҳаҷ чизест ва рафтани роҳи ҳаҷ чизи дигар аст ва ҳиросат, ки ҳаҷ бе он тамомом нашавад, кори дигар аст ва шинохтани тариқи ҳиросат ва ҳилатҳо ва қонунҳои он кори дигар. Ва ҳосили фанни фиқҳ шинохтани тариқи сиёсат ва ҳиросат аст. Ва далели сиҳҳати ин сухан ин ҳадис аст, ки «Ло юфти-н-носа илло салосатун: амирун ав маъмурун ав мутакаллифун». Ва амир имоми аъзам аст ва дар асри аввал муфтӣ эшон буданд ва маъмур ноиби вай ва мутакаллиф ғайри эшон ва ӯ он аст, ки бе ҳоҷате ӯҳда дар гардани худ мекунад. Ва саҳоба – разия-л-Лоҳу анҳум – аз фатво муҳтариз буданд то ба ҳадде, ки ҳар як аз эшон ҳавола ба дигаре кардӣ. Ва агар эшонро аз илми Қуръон ва роҳи охират пурсидандӣ, эҳтироз накадандӣ. Ва [дар баъзе аз ривоёт бадали мутакаллиф] мурой омадааст, чи касе, ки хатари фатво тақаллуд намояд – бе он чи мутаайин бошад онро – мақсуди ӯ ҷуз талаби ҷоҳу мол набвад.
¹ Лаамрӣ – ба ҷонам савганд.
² Бирон – вайрон.
³ Ба султон – ба салтанат, бо салтанат.
⁴ Мурод роҳзанони араб аст матн: фамаълум анна-л-ҳаҷҷа ло ютимму илло бибазрақиҳи таҳаррусун мина-л-араб.
Мутакаллиф – он ки кореро (дар ин маврид фатворо) бар ӯҳда гирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё