Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
китоб арҷгузорӣ намуда, то он ҷое, ки метавонист ба бобҳои он аз «Наҳҷу-л-балоға», фиқҳ ва каломи аҳли ташайюъ ривоятҳо ва бунёдҳои идеологиро дохил сохта, ба ҳамин тариқ ба аҳли шиа таъсири онро ворид кард. Барои мисол Файзи Кошонӣ самоъ ва ваҷдро тариқаи аҳли байт, яъне хонадони Пайғамбари ислом дониста, «Китоби одоби самоъ ва ваҷд»-ро пурра гирифта ба ивази он китоби «Одобу-ш-шиа ва ахлоқу-л-имомат»-ро дохил созад.
Умуман, метавон гуфт, ки Файзи Кошонӣ ҳеҷ тағйироти умдаеро дар тартиботи китоби «Эҳёу улуми-д-дин» ворид насохта, танҳо дар «Рубъи ибодот» чуноне ки зикр намудем ба ҷои «Одобу-с-самоъ ва-л-ваҷд» китоби калонҳаҷмеро таҳти унвони «Одобу-ш-шиа ва ахлоқу-л-имома» бо далели он ки «Анна-с-самоъ ва-л-ваҷда лайса мин мазҳаби аҳли-л-байт алайҳиму-с-салом»1 тааллуқ дорад, дохил кардааст.
Илова бар ин номи китоби «Қавоиду-л-ақоид» (китоби дуввум аз «Рубъи ибодот»-ро) хат кашида, ба ҷои он китоби дигареро овардааст, ки дар асл ҳамон чиз мебошад, лекин мазмуни онро каме тағйир додааст. Масалан, вай суханони Ғаззолиро доир ба васфи илми калом, масъалаи омму хос пурра оварда, бақияи китобро ба андешаву ақидаҳои аҳли шиаи имомия мутобиқ гардонидааст. Дар он қисмати китоб, ки Ғаззолӣ таваҷҷӯҳи хонандаро барои донистани ҳадди ақали лозими эътиқоди исломӣ ба китобҳояш «ар-Рисолату-л-қудсия» ва «Китобу-л-Иқтисод фи-л-эътиқод» равона месозад, Файзи Кошонӣ бошад ба ивази онҳо аз ду китоби хеш, яъне «Минҳоҷу-н-наҷот» ва «Илму-л-яқин» ном мебарад ва
1 Файзи Кошонӣ. ал-Маҳаҷҷату-л-байзо. - Ҷ. 1. Муқаддимаи муаллиф. - С. 27

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё